Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марде дар интернеткафе паси компютер нишаста ва чашм аз монитори он намеканад ва баногоҳ ба шиддат ба рӯи мизи компютер мезанад ва аз ноумедӣ сигор рӯшан мекунад.

Ин ҷавони чинист, ки баъди шикасти навбатӣ дар бозии компютерӣ асабонӣ шудааст ва қаҳру ғазабашро рӯи мизи безабон мерезад. Дар бари ӯ ҷавонони дигар низ нишаста бозӣ мекунанд ва ба сару садои бозигари хашмгин аҳамият намедиҳанд ва чашм аз монитори компютер намекананд.

Динг Дан, соҳиби ҳамин интернеткафе мегӯяд, баъди 24 соат онҳо маҷбуран баъзе аз чунин афродро аз интернеткафе пеш мекунанд. Ӯ мегӯяд, бахусус мардонро бояд бо зӯр аз компютер ҷудо ва аз интернеткафе берун кард. “Онҳо тамоми рӯз мешниинанд ва фаромӯш мекунанд, ки хонавода доранд.” Ба гуфтаи Динг Дан духтарон, ки фақат барои сӯҳбат меоянд, дар интернеткафе зиёд намемонанд. Эътиёд ба бозиҳои компютерӣ аз дер боз, мақомоти Чинро нигарон кардааст.

Бар асоси омори расмӣ, дар ин кишвар 560 миллион нафар корбари Интернет ҳастанд ва 60 дарсади онҳо пайваста дар ин шабака бозӣ мекунанд. Як соати истифода аз Интернет дар интернеткафеҳои Пекин пойтахти Чин андаке бештар аз ним долларро ташкил медиҳад ва музди миёнаи кор дар ин шаҳр тақрибан 800 доллар аст. Масъалаи эътиёд ба Интернет дар Чин пайваста дар матбуот баррасӣ мешавад, вале гузорише дар бораи ҷавоне, ки 6 соли умрашро дар интернеткафе гузарондааст, дигарбора таваҷҷӯҳи бештарро ба ин масъала кашид.

Динг Ҷианлу, профессори равоншинос аз Донишгоҳи Ҷилини Чин ба хабаргузории Олмон гуфтааст, “Қазияи ин ҷавон бисёёр ҷиддист, вале чунин рафтор барои мӯътодон хос аст.” Бисёре аз ҷавононе кор намеёбанд, ба Интернет рӯ меоранду сипас одат мекунанд. Дар гузашта артиши Чин маҷбур шуд, барои аз ин роҳашон баргардондани ҷавонон, урдӯгоҳҳои махсус боз карда ва бо усулҳои дуруште онҳоро ба “роҳи рост дароварад”. Ҳатто онҳоро ба нерӯи барқ (электрошок) мемондаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, чунин шеваҳои дурушти табобат, мӯътодони Интернетро барои муддате ислоҳ мекунад, вале бисёре аз онҳо дигарбора ба пушти компютер бармегарданд.

Акнун 15 вазорати Чин бояд ҳамроҳ барномаи нави дармони мӯътодони Интернетро таҳия кунанд. То охири ҳамин сол, онҳо бояд дақиқ кунанд, чӣ гуна шахс “мӯътоди Интернет-” аст ва то се соли дигар шеваҳои дармони ин бемориро муайян намоянд. То кунун мутахассисон доир ба мӯътоди интернет ба як хулоса наомадаанд ва бисёре аз онҳо мегӯянд, оё чунин чизе вуҷуд дошта метавонад.

Пай Йиҷун, профессори умули сиёсӣ ва ҳуқуқ дар Донишгоҳи Улуми Сиёсии Чин ба хабаргузории Олмон гуфтааст, хӯ гирифтан ба Интернет дар кишвараш мушкили ҷиддист ва як сабабаш соатҳои тӯлонии дарсӣ дар мактабҳост, ки ба хастагиву афсурдагӣ мерасонад. Ӯ мегӯяд: "Ҷомеа ба мардум фурсату имкон намедиҳад, ки хастагиашонро рафъ кунанд. Аз ҳамин аст, ҷавонон дар интернеткафеҳо ғайб мезананд.”

Ба гуфтаи профессори чинӣ, сиёсати нав дар ин самт ҳам натиҷа намедиҳад, бояд ҷомеа тағйир ёбад. Пай Йиҷун меафзояд, шумо метавонед, дастрасӣ ба Интернетро мамнӯъ кунед, вале насли нав, ки дар асри компютеру фанновариҳо бузург шудаанд, роҳи дигари дастрасӣ ба онро пайдо мекунанд. Ба қавли ӯ, ягона роҳи ин аст, ки худи ҷавонон бо тағйири рафтор ба ҳамсолонашон фишор биёранд, ки рӯзи дарози худро сипарӣ кардан дар пеши компютер дигар ба қавле мӯд ва ё кори муфиде нест. Агар шумо дар Тоҷикистон шоҳиди ҳамингуна тамоюл ва беш аз ҳад дил бастани бачаҳо ба Интернет шудаед, лутфан дар поварақи ҳамин гузориш нависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG