Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушода оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми пойтахт байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш баргузор шуд.

Ин мусобиқаро, ки ба Рӯзи пойтахт бахшида шуд, Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри теннис”-и шаҳри Душанбе ташкил кард. Раҳбари ин корхона Тоҷиддин Тағоев, ба радиои “Озодӣ” гуфт, “дар ин мусобиқа 31 нафар дӯстдорони теннис - намояндагони корпуси диломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок карданд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа ба ширкаткунандагон Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва Абдулло Каримов, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Муҳаммад-А» - сарпарасти ин мусобиқа, муваффақият орзу карданд.”

Мусобиқа аз рӯи як намуд – инфиродӣ сурат гирифт, ки дар рақобатҳо ҳам мардону ҳам занон ширкат варзиданд. Дар сабқати ниҳоӣ Ҷамолиддин Убайдуллоев (Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон) бар соҳибкор Шавкат Орифов пирӯз шуд ва мақоми аввалро касб кард. Ғолиб бо Ҷоми пойтахт ва планшети “Samsung” сарфароз гардид. Барои ҷойи дувум телефони мобилии “Samsung Galaxy Grand” супурда шуд. Ба соҳибкор Камила Мирзоева, ки ҷойи севумро гирифт, notebook тақдим гашт.

Инчунин, ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравии сарпарасти мусобиқа - Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Муҳаммад-А» мукофотонида шуданд.

Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, “бо қарори раиси шаҳри Душанбе ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад ва ба ин муносибат баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои варзишӣ нахуст мусобиқаи кушодаи теннис миёни дӯстдорони ин намуд баргузор шуд. Бояд гуфт,ки ин мусобиқа барои дувумин бор барпо гардид ва мо тасмим гирифтем, ки минбаъд сатҳи онро баланд бардорем ва ба мусобиқаи минтақавӣ табдил диҳем.”

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG