Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстона: “Истаравшан” - мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон


Рӯзи 16-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бозии дӯстона миёни дастаи «Истаравшан» ва мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон бахшида ба оғози мавсими нав баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистонро ба ин бозии дӯстона бо тими “Истаравшан” сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров (сармураббии «Вахш») ва мураббии калон Тоҳир Муъминов (сармураббии «Энергетик») омода кардаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон чунин аст:
дарвозабонҳо - Силванус Иванс Гбети («Вахш»), Анатолий Старушенко (ССКА «Помир»); ҳимоятгарон - Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарду - «Хуҷанд»), Акмал Сабуров, Сафаралӣ Каримов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Алишер Шарифов («Парвоз»), Идибек Ҳабибуллоев, Даниэл Абан (ҳарду - «Хайр»), Руслан Тиллоев (ССКА «Помир»); нимҳимоятгарон - Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Хуҷанд»), Комрони Мирзохон, Нодирбек Маъмиров (ҳарду – «Парвоз»), Расул Файзов, Сардорбек Эминов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Абдулло Саидов («Энергетик»), Ҷамшед Исмоилов («Хайр»); ҳамлагарон - Юсуф Рабиев («Хуҷанд»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Абдухалил Боронов («Панҷшер»), Мирзобек Мирзоев («Хайр»).

Дастаи мизбон - “Истаравшан” таҳти роҳбарии раиси ин бошгоҳ Асрор Шораҷабов ва сармураббӣ Шӯҳрат Шамсиев ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ба ҳайати дастаи “Истаравшан” инҳо дохиланд: дарвозабонҳо – Фаррух Бердиев ва Қурбон Бобоев, бозигарон – Шероз Абдуллоев, Тоҳир Зоиров, Фахриддин Сафарзода, Улуғбек Абдулҳаев, Руслан Раҳматов, Беҳрӯз Сангинов, Насим Расулов, Пирмурод Бурҳонов, Ғайрат Абдураззоқов, Фозил Сатторов, Дилшод Аҳадов, Шариф Зиёев, Баҳодур Қобилов, Ҷалол Маҷидов, Мақсуд Ҳомидов, Бахтиёр Холиқов.

Ин бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан рӯзи сешанбе соати 16 оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG