Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони навраси тоҷик - барандаи медали биринҷии Ҷоми Аврупо


Бузургмеҳр Иронов, паҳлавони навраси тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо, ки чаҳор сол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар ин мусобиқа 260 варзишгар (писарону духтарони солҳои таваллудашон 1996-1998) аз 16 кишвар дар шаҳри Твери Русия рақобат карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд.

Дар сабқати дурӯза варзишгарон барои 16 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Русия бо касби 48 медал (12 тилло, 12 нуқра ва 24 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи Маҷористон бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Туркия бо касби 7 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 11 нафар (2 духтару 9 писар) дохил буданд: Шукрона Қарчиева (то 44 кг), Баҳригул Бобиева (то 48 кг), Тоҷиддини Муҳиддин, Шукрулло Ҷӯраев, Саттор Бердов, Абубакр Холов ва Аъзамшо Амонов (ҳама дар вазни то 50 кг), Бузургмеҳр Иронов ва Толиб Ҷебов (то 55 кг), Далер Қурбонҷонов ва Азамат Ҷебов (то 60 кг). Танҳо ба як намояндаи Тоҷикистон - Бузургмеҳр Иронов муяассар шуд, ки мақоми севумро касб карда, соҳиби медали биринҷӣ гардад.
XS
SM
MD
LG