Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва НАТО густариш меёбанд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ситоди марказии НАТО бо дабири кулли ин созмон Андерс фоғ Расмуссен робитаҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз натиҷаҳои ин гуфтушунид изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, “дар рафти мулоқот, мо бо назардошти чорабиниҳои соли 2014 ва ворид шудани Афғонистон ба марҳилаи нави транзитӣ зарурати андешидани чораҳои бештари воқеиро ҷиҳати эҳёи ҳаёти осоишта дар сарзамини Афғонистони ба мо ҳамсоя таъкид кардем.”

Раҳбари Паймони Атлантики Шимолӣ Андерс фоғ Расмуссен дар поёни мулоқот бо президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт: “Мо талош кардем, муколамаро сари Афғонистон амиқтар кунем. НАТО ва Тоҷикистон, ҳарду ба Афғонистони босубот ва амн манфиатдоранд.»

Ҷаноби Расмуссен ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли омодагияш ба хатми рисолати ҳарбии худ дар Афғонистон то охири соли 2014, НАТО ба пуштибонии давомдори Тоҷикистон дар минтақа умедвор аст: “Мо иҷозаи парвоз ба кишварҳои ISAF аз ҳарими ҳавоӣ ва истифода аз фурудгоҳи Душанберо арҷи бузург қойилем.”

Дар навбати худ, ҷаноби Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар рӯёрӯӣ бо таҳдидҳое, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд, “ба ҳамёрии шарикони байнулмилалии худ ниёз дорад.”

Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказист, ки созишномаи транзитии нерӯҳои байнулмилалиро имзо кард. Тоҷикистон ва НАТО соли гузашта ҳамчунин Барномаи Инфиродии Ҳамкории Коршариконаро ба тасвиб расонданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ҳамкорӣ дар омӯзишҳои ҳарбӣ ва назорати демократӣ ба нерӯҳои мусаллаҳро дар назар дорад. Ду тараф инчунин дар чаҳорчӯби барномаҳои тамринии Шӯрои НАТО ва Русия дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ ҳамкорӣ мекунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кишвараш “дар маҷмӯъ ба дурнамои муносибатҳои худ бо созмон диду назари нек дорад. Мо умедворем, ки онҳо дар ояндаи наздик фарогири ҷанбаъҳои нави мутақобилан судманд хоҳад шуд.”

Раҳбари Паймони Атлантики Шимолӣ Андерс фоғ Расмуссен низ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои ин ниҳод бо Тоҷикистон дар солҳои оянда густариш пайдо хоҳад кард.


Дар рӯзи аввали боздид аз Белгия президенти Тоҷикистон бо Кэтрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯ намуд. Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Кэтрин Эштон, масоили ҳамкориҳои мухталифи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 9 апрел ба "Озодӣ" гуфт, сафари президенти Тоҷикистон дар Белгия тайи ду рӯзи оянда идома хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Белгия ва ҳамчунин раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дидору гуфтушунид хоҳад дошт.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Белгия бо даъвати ҷониби Белгия анҷом мешавад. Ҳанӯз моҳи майи соли гузашта муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс дар боздиде аз Душанбе, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Белгия даъват намуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари Белгия вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, ҳамроҳӣ мекунанд.


XS
SM
MD
LG