Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як узви ҲИУ: «8 моҳ аст, ки наметавонам бо ҳамсарам мулоқот кунам"


Як маҳбуси зиндони шумораи аввали пойтахт мегӯяд, бо вуҷуди ақди никоҳӣ шаръӣ, ҳамсараш иҷозаи мулоқот бо ӯро надорад.

Абдураҳмон Қодиров, ки дар маҳбаси рақами аввали пойтахт барои узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон давраи ҷазоро паси сар мекунад, мегӯяд, ки пас аз никоҳи шаръӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳло Боқиева - сокини шаҳри Душанбе, наметавонад ЗАГС кунад ва аз ин рӯ дар маҳбас бо ҳамсараш наметавонад мулоқот намояд.

Абдураҳмон Қодиров рӯзи 9 апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки бинобар надоштани ақди никоҳ ё худ ЗАГС, ҳамсараш аз як сол ба ин тараф наметавонад вориди маҳбас шавад ва бо ӯ мулоқот намояд. Ӯ мегӯяд, сокини шаҳри Тошканд аст ва соли 2006 дар Хуҷанд ҳини хариду фурӯш аз тарафи кормандони умури дохила боздошт шуд ва ба дунбол ба муддати 19 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Вай мегӯяд, ки соли гузашта бо шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳло Боқиева издивоҷ кардааст, аммо пас аз як-ду мулоқот, дигар ҳамсарашро иҷоза надоданд, ки дар маҳбас бо ӯ дидор кунад.

Дар ҳамин ҳол Шаҳло Боқиева, ҳамсари Абдураҳмон Қодиров мегӯяд, ки бо машварати идораи ЗАГС-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи асноди лозимаро аз Тошканд то Душанбе муҳайё кардааст, вале идораи ЗАГС ба далели шаҳрванди хориҷӣ будани шавҳараш, аз ақди никоҳи худдорӣ мекунад.

Зимнан, Сайфулло Қурбонов, корманди Идораи ЗАГС-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ки ҳоло мушкили ин ду нафар ба идораи ақди никоҳ вобаста нест ва ин масъала ба нотариус рабт дорад. Сайфулло Қурбонов меафзояд, ки агар идораи Нотариуси давлатӣ розӣ шавад ва гуруҳи сайёри худро таъсис дода ба маҳбас раваду ақди никоҳро муҳр гузорад, дигар мушкиле намемонад. Аммо Шаҳло Боқиева мегӯяд, ки ба чанде аз идораҳои нотариус рафтаанд, аммо онҳо мегӯянд, ки шавҳари вай зиндонӣ асту доғи судӣ дорад ва аз ин рӯ қонунҳои Тоҷикистон ба ин иҷоза намедиҳанд.

Абдураҳмон Қодиров, сокини шаҳри Тошканд мегӯяд, ки ҳеҷ вақт узви Ҳаракати исломии Узбакистон набуд ва бо ин гуруҳ ҳамкорӣ надоштааст. Вай меафзояд, ки тайи солҳои 20005 то 2006 дар Хуҷанд бо тиҷорат машғул буд ва аз тарафи кормандони умури дохила боздошт шуда, бо моддаҳои 187, 189 ва 307-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, барои амалҳои террористӣ, бандитизм ва харобкорӣ, маҳкум шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG