Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби Э.Раҳмонро Шабдолов мантиқӣ ва Зоиров ғайриконститутсионӣ медонанд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Интихоби дубораи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар маҳофили сиёсӣ вокунишҳоеро дар пай дошт.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон ин интихобро бар асоси қавонин мамнуъ намедонад, зеро ба гуфтаи вай, интихоби раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президенти Кумитаи миллии олимпӣ вазифаи ҷамъиятӣ аст ва вай ҳаққ дорад, ки чунин вазоиферо иҷро кунад.

Ба таъкиди ҷаноби Шабдолов, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки бештар кишварро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад ва салоҳияти ин ниҳод ҷанбаи байналмилалӣ дорад, дар ин сурат, ба ӯҳдаи Эмомалӣ Раҳмон вогузор кардани ин мақом, шояд ба манфиати Тоҷикистон анҷом шавад.

Вай мегӯяд, ки чунин вазоиф ифтихорӣ нест ва барои мисол бар иловаи он, ки Эмомалӣ Раҳмон президент ва сардори давлат ҳаст, ҳамчунин масъулиятеро дар бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ, назири Шӯрои ҷамъиятӣ ба ӯҳда дорад, ки мантиқӣ аст. Зеро ба таъкиди Шабдолов, дар ин шӯро мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ матраҳ мешавад, ки бояд президент огоҳ бошад ва барои ҳалли он мусоидат намояд.

Албатта, ки раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба масъулиятҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, беҳтар аст то президент раҳбарии бисёре аз созмонҳои иҷтимоиро ба дӯш нагирад.

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вокуниш ба интихоби раиси ҷумҳур ба ин мақом гуфт, ки тибқи Конститутсияи кишвар, интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарии Кумитаи миллии олимпӣ, «ғайриконститутсионӣ» мебошад.

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, тибқи моддаи 70-уми Қонуни асосии Тоҷикистон, президент бинобар иҷрои ваколатҳои раёсати ҷумҳурӣ, ҳаққи ба дӯш гирифтани вазифаи раҳбарии дигар созмон ё ниҳоди ҷамъиятиро надорад.

Оқои Зоиров афзуд, ки Қонуни асосии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон ваколатҳои беҳад зиёд додааст, ки иҷрои ин ваколатҳо аз президенти Тоҷикистон масъулият ва нерӯи зиёдро талаб мекунад.

Кумитаи миллии олимпӣ муаррифигари Тоҷикистон дар тамоми мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, тавассути ин ниҳод дастаҳои мунтахаби миллӣ дар Бозиҳои осиёӣ, мусобиқоти минтақавӣ ва Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунанд.

Президенти Кумитаи миллии олимпӣ як вазифаи ҷамъиятӣ буда, тамоми ҷараёни ширкати Тоҷикистонро дар ин сабқатҳо раҳбарӣ мекунад. Ба ҷуз Тоҷикистон , Кумитаҳои миллии олимпии Озарбойҷон, Туркманистон ва Белорусро низ раисони ҷумҳури ин кишварҳо сарварӣ менамоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG