Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оштии Туркия ва Исроил, хоби ноороми Миср, Эрон ва Сурия


Навиштаҷоти рӯйи лавҳа дар Анкара бо сипос аз Эрдуғон: "Мо аз Шумо сипосгузорем!"
Навиштаҷоти рӯйи лавҳа дар Анкара бо сипос аз Эрдуғон: "Мо аз Шумо сипосгузорем!"

Гармоиши равобити Туркия ва Исроил ба манфиати ҳардуи онҳост, аммо оё ба манфиати дигарон низ аст?

Узрхоҳии Исроил аз Туркия барои марги 9 фаъоли турк дар рейди исроилиҳо дар соли 2010 ба киштиҳои байнулмилалие, ки барои Ғаза кӯмаки башардӯстона мебурданд, дар ҳафтаи гузашта истиқболи бисёриҳоро ба бор овард.

То ҳалокати фаъолони турк дар соҳилҳои Ғаза, Туркия наздиктарин ҳампаймони Исроил буд ва ба ақидаи коршиносон, ин оштӣ барои ҳарду тараф самараҳои неки дипломатӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ хоҳад овард. Аммо он оё ба дигарон, ба кишварҳои ҳамсоя чӣ таъсир хоҳад дошт?

ТЕЛЕФОНИ ОБАМА

Дар нигоҳи аввал оштии Туркия ва Исроил як амале метобад, ки бо миёнаравии Амрико иттифоқ афтодааст. Пеш аз бозгашташ аз Исроил, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама, дар ҳоле ки чархҳои ҳавопаймояш ба гардиш омада буд, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро ба дохили мошине дар наздики фурудгоҳ даъват кард. Аз ин ҷо Нетаняҳу ба сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон занг зад ва бахшиш пурсид. Обама ҳам, тибқи хабарҳо, дар ин гуфтугӯи телефонӣ ширкат кардааст.

Ин шояд муҳимтарин натиҷаи сафари Обама ба Ховари Миёна буд, ки ҳамчунин аз беҳбуди равобити ӯ бо Нетаняҳу хабар медиҳад. Коршиносон бар инанд, ки вазъи Сурия ва дурнамои он Вашингтонро ба ин миёнаравӣ водор кардааст. Низои дусолаи Сурия 70 000 ҷонро рабуд ва як миллион нафарро ба паноҳанда табдил дод.

Аммо Аврам Бург, таҳлилгари маркази пажӯҳишҳои “Молад” дар Исроил мегӯяд, на танҳо Сурия, балки вазъи Ироқ ва Миср низ Амрикоро водор кардааст, ба ҳалли мушкил байни Исроил ва Туркия мусоидат кунанд.

ПАЙТУ ФУРСАТИ МУНОСИБ?

Оштии ду кишвар гуфта мешавад, коре буд, ки дар фурсати муносиб анҷом дода шуд. Исроил ва Туркия низ аз ояндаи Сурия нигаронанд, махсусан аз он ки дар ҳоли фурӯпошии Сурия силоҳи кимиёии он ба дасти гурӯҳҳои бесар наафтад. Бо таъкид сари ин, Ёссӣ Мекелберг, коршиноси умури Ховари Миёна дар пажӯҳишгоҳи “Чатҳам”-и Лондон меафзояд аз нармиши равобит ҳарду тараф дар чандин ҷабҳа – дипломатӣ, сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ фоида хоҳанд дид.

Таҳлилгари турк, Меҳмет Егин бар ин аст, ки эҳёи равобити Исроил ва Туркия, аз ҷумла дар бобати истифодаи муштараки ҳарими ҳавоӣ на танҳо зарбае ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад хоҳад буд, балки ҳамчунин ба Эрон низ:

"Аслан, Туркия дар робита ба вазъи Сурия дар айни ҳолест, ки Исроил аст. Ва аз он ҷо ки онҳо ҳамкорӣ намекарданд, ҳамкории эрониҳо бо Ироқ барои фиристодани силоҳ ба режими Асад дар ин қиёс босамартар аст ва ман фикр мекунам, ин паёми сангине хоҳад буд, ки ба Эрон хуш нахоҳад омад.”

Егин меафзояд, Туркия, ки ахиран ба чандин комёбии дипломатӣ дар минтақа даст ёфтааст, метавонад, ҳамчун миёнарав дар равобит бо Эрон ва ҳатто ҷунбиши Ҳамоси раҳбар ба Ғазза нақш бозад.

Ё ЭРОН, Ё ТУРКИЯ

Барои худи Исроил, ба қавли Бург, оштӣ бо Туркия стратегияи дарозмуддати Исроилро бо қудратҳои асосии ғайриараб дар минтақа халалдор мекунад. Вай мегӯяд: "Дар тамоми тӯли таърихаш давлати Исроил ин стратегияро дунбол мекард, ки ба камияш бо яке аз онҳо равобити хуб дошта бошад. Чунончӣ, то соли 1977 Исроил бо Эрон хуб буд ва аз соли 1977 он бо туркҳо хуб шуд. Дар чанд соли охир бо ҳеҷ кадоми онҳо хуб набуд. Ва ин тақрибан номумкин аст. Биноан, маълум буд, ки чунин мешавад ва чунин ҳам шуд.”

Вале Бург ҳушдор медиҳад, ки нармиши байни Исроил ва Туркия метавонад равобити Исроилро бо Мисри ноором мушкилтар гардонад.

ЗИЁН БА МИСР?

Президенти исломгарои Миср, Муҳаммад Мурсӣ ахиран байни исроилиҳо ва гурӯҳи Ҳамос, ки назорати Ғазаро дар даст дорад, миёнаравӣ мекард. Акнун, ки туркҳо ба саҳна бармегарданд ва сарвазир Эрдуғон аллакай эълон кардааст, ки мехоҳад сафаре ба Ғаза анҷом диҳад, нақши Мисрро ҳамчун қудрати минтақаӣ камранг мекунад.

Ин таҳлилгар мегӯяд, Исроил ба Эрдуғон дар масъалаи Ғаза чизе хоҳад дод, ки ба Миср намедиҳад. “Барои намуна, ба воситаи туркҳо Исроил мумкин аст, ба Ғаза роҳи обӣ диҳад ё муҳосираро сусттар кунад, гузаргоҳҳо диҳад ва дигар масъалаҳоеро ҳал кунад, ки Исроил ҳоло бо Ҳамос ба воситаи Миср баррасӣ мекунад. Он гоҳ бартарӣ бо Туркия хоҳад буд, на мисриҳо.”

Мазмун, фаластиниҳои Ғаза, ки фақру муҳосираи онҳо сабаби танишҳо байни Туркия ва Исроил гашта буд, акнун метавонад, баръакс барои тармими равобити байни ду кишвар истифода шавад.
XS
SM
MD
LG