Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷалолобод. 7 интиҳорӣ ба қароргоҳи нерӯҳои зудамали афғон ҳамла бурданд


Ҳамла ба қароргоҳи нерӯҳои зудамали афғон дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон. Рӯзи 26-уми марти соли 2013.

Ҳамла ба қароргоҳи нерӯҳои зудамали афғон дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон. Рӯзи 26-уми марти соли 2013.

Субҳи рӯзи сешанбе ҳафт ҳамлакунандаи интиҳорӣ ба қароргоҳи нерӯҳои зудамал ё вокуниши сареъ дар вилояти Нангарҳор, ҳамла карданд.

Мақомоти амниятии ин вилоят ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се тан аз ҳамлакунандагон муваффақ ба интиҳор шуданд ва чаҳор тани дигари онҳо, пеш аз инфиҷор, аз сӯи нерӯҳои амниятӣ аз по дароварда шуданд.

Ҳазрат Ҳусайн Машриқивол, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Нангарҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса панҷ пулис кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд.

Манобеи шифохонаи умумии ин вилоят низ гуфтаанд, ки ҳафт аз тан захмиёни ин ҳамла ба ин бемористон оварда шуда ва мавриди муолиҷа қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтанд. Забеҳулло Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни Толибон дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки дар ин ҳамла 45 тан аз нерӯҳои амниятии афғон ва 15 хориҷӣ ҷон бохтаанд.

Аммо мақомоти амниятии афғон ин иддаои Толибонро рад мекунанд.

Шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон ва дар 30 километрии марз бо Покистон воқеъ мебошад.
XS
SM
MD
LG