Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси шеър бо Рустами Ваҳҳоб ва Бахтиёр Аминов. Рӯзи 19 март, соати 15-30 ба вақти Душанбе. Дар сомонаи ozodi.org ва ozodi.tj.

ЮНЕСКО бо як қарораш аз соли 1999 21 март Рӯзи ҷаҳонии шеър эълон кардааст. Ин идораи илму фарҳанги СММ таҳрик додан ба ҷунбишҳои шеърии милливу минтақавӣ ва байналмилалиро як ҳадафи асосии Рӯзи ҷаҳонии шеър ном мебарад.

Иттифоқан барои Рӯзи ҷаҳонии шеър 21 март, рӯзеро интихоб кардаанд, ки мардумони сокини паҳнои бузурге аз Осиёи сағир то Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна расидани соли нави форсӣ – яъне Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Оё ин як иттифоқи рамзӣ нест? Муҳити имрӯзаи Тоҷикистон оё то куҷо шеъру шоирпарвар аст? Бо шеъри тоҷик имрӯз чӣ мегузарад? Миссияи шеър дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон чист? Оё бо таъсиси саҳифаҳои вижае, чун “Шоҳбайт”-у “Арӯз” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук метавон муҳаббати қалии мардуми моро ба шеъру шоир барқарор кард?

Дар ин мизигирд аз Душанбе шоир ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Рустами Ваҳҳоб ва Бахтиёр Аминов, соҳибкор ва шоири тоҷик ва ҳам асосгузори чандин саҳифаи адабӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ширкат мекунанд. Гардонандаи сӯҳбат – Мирзои Салимпур.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG