Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушвақтовро дар Троекуровское ба хок супурданд


Рассоми маъруфи тоҷик Хушбахт Хушвақтов
Рассоми маъруфи тоҷик Хушбахт Хушвақтов

Рӯзи 16 март, ҷанозаи рассоми маъруфи тоҷик Хушбахт Хушвақтовро дар оромгоҳи Троекуровскоеи шаҳри Маскав ба хок супурданд.


Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки расми видоъ бо Рассоми мардумии Тоҷикистон дар толори хайрбодии бемористони ба номи Бурденко доир шуда, дар он фарҳангиёни маъруфи муқими Маскав, аз ҷумла коргардон Бахтиёр Худоназаров, ширкат доштаанд.

Хушвақтов аз солҳои 90 дар Маскав ба сар мебурд ва наздиконаш тасмим гирифтанд, ки ӯро дар ҳаминҷо дафн кунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қаблан изҳори омодагӣ карда буд, ки тамоми хароҷоти дафни рассомии мардумии Тоҷикистон чӣ дар Маскав ва чӣ дар сурати интиқоли ҷанозааш ба Тоҷикистонро бар ӯҳда хоҳад гирифт.

Хушбахт Хушвақтов рӯзи 13 март дар синни 87 даргузашт. Ӯ яке аз маъруфтарин наққошони тоҷик дар жанри манзаранигорӣ ба шумор мерафт.

Хушвақт Хушвақтов яке аз рассомони маъруфи Тоҷикистони шӯравӣ буд. Вай соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони Бадахшони Кӯҳӣ ба дунё омада, дар Душанбе омӯзишгоҳи рассомиро хатм кардааст. Соли 1960 донишкадаи наққошии ба номи Сурикови Маскавро хатм карда ва баъди бозгашташ ба Тоҷикистон то соли 1982 дар давоми 20 сол дар мақоми раҳбари Иттифоқи рассомони Тоҷикистон кор кардааст.

Мунаққидони ҳунарӣ мегӯянд, Хушвақт Хушвақтов беҳтарин манзаранигори муҳити Бадахшон буд ва нахустин шуда рангу бӯи ин минтақаи дурдасти кӯҳиро барои тамоми сокинони Тоҷикистон муаррифӣ кард. Нигораҳои ӯро ҳамеша мешавад дар осорхонаи миллии ба номи Беҳзоди Душанбе пайдо кард.

Ҳамкорони ӯ мегӯянд, вай фарзанди давр буд ва дар эҷодиёташ корҳои зиёде дар робита бо таблиғи низоми шӯравӣ анҷом додааст. Манзараҳои нахустин колхозу фабрикаҳо ва рушди деҳоти советиро зиёд тасвир кардааст. Вале аз назари касбияти ҳунарии Хушвақтов ҳамчун як наққош, заҳматҳояш дар муаррифии манзараҳои Бадахшони кӯҳӣ, тасвири зебои рангу бӯи ин диёри дурафтодаи Тоҷикистон муҳимтарин мероси ҳунарии ӯ ба шумор меравад.

Лариса Додхудоева, мунаққиди маъруфи ҳунарӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Душанбе гуфт, Хушвақтов нахустин рассоме буд, ки манзараҳои Бадахшонро ба риштаи тасвир кашид: "Дар мавзӯъҳои дигар вай аслан кор накардааст. Эҷодиёти ӯ саршор аз муҳаббат ба Бадахшон аст, ки табиати гоҳо сарду сангини ин диёрро бо рангҳои хушбӯи шоирона тасвир кардааст. Вай ҳамингуна нуқоти мухталифи зодгоҳашро ба дигарон муаррифӣ мекард. Вай устоди ҳунари манзаранигорӣ буд ва тасвирҳои кӯҳу дарёро хеле зебо инъикос мекард. Баъзе аз корҳои ӯ ба мавзӯъҳои мушаххас бахшида шудаанд. Масалан, “Осиёби кӯҳна” дар бораи сахтиҳои зиндагии бадахшониён дар солҳои қабл аз Шӯравӣ нақл мекунад. Мавзӯи дигаре, ки ӯро ташвиш медод, ин зиндагии мардуми Рӯшони ҳаммарз бо Афғонистон аст, ки дар оғози қарни 20 бисёр азият шудаанд."

Лариса Додхудоева гуфт, наққошиҳои Хушвақтов хусусияти табиӣ дошту дар истифодаи ранг зиёдаравӣ намекард, ҳадафро мухтасар, воқеъбинона ва нишонрас тасвир мекард. Ӯ нахустин рассоми тоҷик аст, ки дар мактабҳои касбии ҳунарии Маскав дарс медод, гуфт Додхудоева. Зимнан, баъди тарки Тоҷикистон карданаш дар соли 1989 вай дар Маскав солиёни зиёд устоди кафедраи манзаранигории Академияи наққошии Иля Глазунов буд ва танҳо ду соли пеш фаъолияти омӯзгориро хотима бахшид.

Илова ба мероси ҳунарии Хушвақтов, рассомони замони имрӯзи Тоҷикистон фаъолиятҳои ҷамъиятии вай ва талошҳояш барои тарбияи насли нави рассомонро муҳим арзёбӣ мекунанд. Фаррух Хоҷаев, раҳбари Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон гуфт, маҳз дар солҳои раҳбарии ӯ устохонаҳои нави касбӣ барои рассомон, сохтмони Фонди бадеӣ (Художественный Фонд) бунёд ва ирсоли донишҷӯён ба таҳсил дар риштаи рассомӣ дар берун аз Тоҷикистон ба роҳ монда шуд:

"Бисёр бачаҳо ба шарофати он кас дар донишгоҳҳои Маскаву Ленинграду Тошканд хонда омаданд. Дар давраи ин кас галерея ё толори намоишгоҳи рассомӣ пайдо шуд, ки ҳоло дар дасти дигарон аст ва мо онро, муттассифона, баргардонида наметавонем. Як шахси мубориз буданд ва барои пешрафти кор хеле заҳмат кашидаанд."

Фаррух Хоҷаев мегӯяд, манзараҳои кӯҳҳои Аличӯри Помир, табиати Варзоб, мардуми Алмосиву Ҳисор хеле зебову нотакрор офарида шудаад.

Ҳунари манзаранависии падарро Леонид Хушвақтов – яке аз писаронаш идома медиҳад. Ҳоло ӯ дар Амрико ба сар бурда, дар он ҷо талош мекунад манзараҳои зебои зодгоҳашро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Ду сол пеш дар остонаи таҷлил аз 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар СММ, намоишгоҳи нигораҳои Л.Хушвақтов баргузор шуд.

Хушвақт Хушвақтов дар охири умр дар ҳалқаи азизонаш – ҳамсар ва се писараш ба сар бурдааст.
XS
SM
MD
LG