Пайвандҳои дастрасӣ

Кардиналҳо Бергилиоро Попи нави Рум интихоб карданд


Хорхе Марио Бергилио

Хорхе Марио Бергилио

Кардинал аз Аргентина Хорхе Марио Бергилио шоми чаҳоршанбе дар мақоми Попи Рум пазируфта шуд.

Дар бораи интихоб шудани Попи нави Рум расман кардинали фаронсавӣ Жан Луи Торан хабар дод. Қарор аст, ки Попи нав номи Франсискро бигирад.

Шоми чаҳоршанбе аз дудбарои намозхонаи Сикстина дар Ватикан дуди сафед берун шуд ва ба мардуме, ки дар майдони Петри муқаддас ҷамъ омада буданд, дар бораи интихоб шудани Попи нави Рум паём дод. Ҳамзамон бо ин садои зангулаҳо баланд шуд.

Интихоби Попи Рум аз сӯи 115 кардинал, ки аз 1,2 миллиард пайравони калисои католикӣ намояндагӣ мекунанд, комилан махфӣ ва пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Дар бораи Попи нави Рум Хорхе Бергилио иттилоъ ҳанӯз кам аст – гуфта мешавад, ки ӯ зиндагии оддӣ дорад, дар автобус ба ҷойи кор меравад ва барои худаш таом таҳия мекунад. Бархе хабаргузориҳо навиштанд, ки ӯ пуштибонии ашаддии адолати иҷтимоист.

Аз ин пеш расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки се номзади эҳтимолӣ – кардинали итолиёвӣ Анҷело Скола, кардинали бразилиягӣ Одило Шерера ва кардинал аз Канада Марк Уэлл шонси Попи Рум шуданро доранд.

Попи пешини Рум Бенедикти 16 пас аз тақрибан 8 соли раҳбарӣ рӯзи 11 феврал расман эълом дошт, ки аз мақоми пешвои католикҳои ҷаҳон канорагирӣ мекунад. Рӯҳонии 85-сола эълом кард, ки ба далели нотавонӣ ва пирӣ аз мақомаш канор меравад, ки ин корро тайи 600 соли ахир ҳеҷ яке аз попҳои Рум накарда буд. Ӯ рӯзи 28 феврал мақомашро тарк намуд ва аз ин баъд чун Попи фахрӣ боқӣ хоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG