Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар, ба кӯмаки шаҳрвандон ниёзи бештар пайдо карда, талош дорад таҷрибаи дар замони шӯравӣ роиҷи ҷалби ходимони ғайриштатиро дубора зинда кунад.

Мақомот дар ин роҳ бештар ба ҷавонон такя кардаву аз онҳо даъват мекунанд, ки чун корманди ғайрирасмӣ бо ин ниҳод ҳамкорӣ ва дар ошкору ҷилавгирии ҷиноятҳо барояшон кӯмак кунанд.

Ҳотамшоҳ Ятимов, як масъули вазорати корҳои дохила мегӯяд, то имрӯз ҳам дар кишвар ин таҷриба истифода мешуд, аммо афзоиши мизони ҷинояткорӣ махсусан дар миёни наврасону ҷавонон онҳоро водор кардааст то ин ҳамкориҳоро таҳким бахшанд. Оқои Ятимов мегӯяд, имрӯз беш аз 4 ҳазор нафар, аксаран ҷавонон ба ҳайси корманди ғайрирасмии милиса фаъолият доранд ва дар ду моҳи ахир бо кӯмаки онҳо беш аз 10 ҷиноят ошкору ҷилавгирӣ шудааст.

Ҳотамшоҳ Ятимов меафзояд: «Корманди ғайриштатӣ либоси махсус надорад, аммо мисли ҳар милисаи дигар шаҳодатномаи хизматӣ дорад ва метавонад дар алоҳидагӣ рафта аз афроди лозимӣ баёнот гирад, онҳо давоми рӯз бо нозирони минтақавӣ ва кормандони оперативӣ пайваста ҳамкорӣ мекунанд. Ин кормандон дар байни мардум кор мекунанд ва ҳар хабари шунидаашро дар робита ба сар задани ягон навъи ҷиноят метавонад ба милиса расонад ё худаш ҳуқуқ доранд бевосита бо ҳуҷҷаташ ба он ҳодиса дахолат кунад.»

Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик

Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик

Корманди ғайриштатӣ ба фарқ аз кормандони ихтиёрӣ ё дружиначиён, ки он ҳам як таҷрибаи маъруфи ҳамкории милиса бо ҷомеа дар шӯравӣ аст, ба ин фаъолият дар асоси шартҳои мушаххас қабул мешаванд. Як шарти асли ин аст, ки шахси хоҳишманд дар гузашта бояд доғи судӣ надошта бошад. Масъулини мақомоти интизомии кишвар бовар доранд, ки бо зиёд шудани сафи ҳамкорони ғайрирасмии милиса, дар ҷомеа эҳсоси масъулияти ҷавонону ҳам боло рафтаву мизони ҷурму ҷиноятҳо коҳиш хоҳад ёфт. Ва андешаҳое ҳам ҳаст, ки бо истифода аз ин таҷриба метавон фарҳанги нобоварӣ ба милисаро ҳам тағйир дод.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик бо ёдоварӣ аз ин таҷриба дар замони шӯравӣ мегӯяд, дар воқеъ ҷалби ҷомеа метавонад то ҷое дар коҳиш додани ҷиноятҳои сабук мусоидат кунад. Аммо ба қавли ӯ, шеваи интихоби кормандони ғайриштаттӣ имрӯз бояд ҷиддӣ сурат бигирад ва он набояд ба ҳар кас имкони ба даст овардани ҳуҷҷати милисаро фароҳам орад. Зеро эҳтимоли сӯистифода шудан аз ин мақом низ вуҷуд дорад:


«Ин шаҳодатномаи милиса ба кас метавонад як қувва бахшад ё як ҳуҷҷатест, ки метавонад таъсири худро ба дигарон расонад. Барои ҳамин дар интихоби кормандони ғайриштатӣ бояд эҳтёт кард. Ман бисёр ҳодисаҳоеро медонам, ки афроде, ки худ аз нигоҳи қонун пурқувват набуданд ва баъзан ба ҷиноят ҳам даст мезаданд, ҳаракат мекарданд, то ин ҳуҷҷатро ба даст оранду таъсири худро ба дигарон расонанд. Ва ин раванд набояд оммавӣ бошад.»

Дар гузашта кормандони ғайриштатӣ, ки фаъолияти ройгон доштанд, аз баъзе имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор буданд. Аммо имрӯз ин афрод чӣ имкону имтиёзҳое доранд? Ҳотамшоҳ Ятимов, масъули вазорати умури дохилаи кишвар мегӯяд, қонун барои кормандони ихтиёрӣ ва ғайрирасмӣ ҳам вобаста ба хизматҳояшон имтиёз пешбинӣ кардааст. Ва як имтиёзи аслӣ ҳам ин дар сурати ҳамкории хуб ба ин афрод ваъдаи кор дар мақоми интизомии кишвар дода мешавад:

«Роҷеъ ба ҳавасмандкунии онҳо ҳам дар ин фармон нишон дода шудааст. Агар дар муддати як сол масалан, ҷавон бо мақомоти милиса ҳамкории хуб доштаву дар ошкорсозии ҷиноятҳои зиёде саҳм гирифта бошад, ӯ ҳатман ба кор дар сафи милиса қабул мешавад.»

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Гуфта мешавад маҳз бо ҳамин умед, яъне имкони роҳёбӣ ба сохтори милиса, бархе аз ҷавонон даъвати ҳамкории ройгон бо мақомоти интизомиро мепазиранд. Аммо Саъдулло Шоҳидов, як соҳибкори тоҷик, ки як сол боз бо милисаҳо ҳамкорӣ дораду соҳиби ҳуҷҷати хизматӣ аст, мегӯяд, ӯ чунин ҳадаф надорад ва танҳо ба хотири гузоштани саҳми худ дар оромии ҷомеа ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ин корро пазируфтааст:

«Ин санад барои ман муҳим нест, муҳим оромӣ аст. Дар ҷомеа ҷангу ҷанҷол нотинҷиҳо мешавад, дар ҳамин ҳолатҳо ман кӯшиш мекунам занг занаму хабар расонам ва саҳми худро каме ҳам бошад дар таъмини субот бигузорам. Аз ин ман ҳеҷ манфиате намегирам ва чунин мақсад ҳам надорам.»

Мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон, тасмим доранд, барои ҳамкории бештари ҷавонону ҷомеа бо пулис, онҳоро дар як ҳамоиши сартосари, ки қарор аст дар моҳи апрел баргузор шавад, гирди ҳам орад.

Зимнан, дар аҳди Шӯравӣ мақомоти амниятӣ аз нирӯи ходимони ғайриштатӣ ба хотири аҳдофи сиёсӣ, аз ҷумла таъқиби дигарандешон низ истифода мебурданд ва бо дарназардошти воқеъиятҳои Тоҷикистони кунунӣ ин нигаронӣ низ вуҷуд дорад, ки оё мо дубора пой ба ҳамон дарёи қаблӣ нахоҳем андохт?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG