Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валерий Герасимов имрӯз вориди Душанбе мешавад


Валерий Герасимов, фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия.
Валерий Герасимов, фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия.

Валерий Герасимов, фармондеҳи Ситоди неруҳои мусаллаҳи Русия, дар раъси як ҳайати баландпояи низомии ин кишвар имрӯз, панҷшанбеи 14 март, ба Душанбе меояд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки генерал Валерий Герасимов нимаи дувуми имрӯз вориди Душанбе мешавад ва дар сафари дурӯзааш бо мақомоти низомии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ-фаннӣ миёни ду кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Ба таъкиди Фаридун Маҳмадалиев, дар чорчӯби ин сафар генерал Герасимов бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Рамил Нодиров дидору мулоқот хоҳад дошт.

Интизор меравад, ки генерал Валерий Герасимовро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур бипазирад.

Сафари фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ бояд анҷом мешуд, вале бино ба сабабҳои номаълум ин сафар ба таъхир афтод.

Ба дунболи лағви ин сафар, дар навиштаҳои баъзе расонаҳо ишора шуда буд, ки сафари муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ва фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба Тоҷикистон бинобар сафари Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА, ба Тоҷикистон ба таъхир гузошта шудааст.

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ ин овозаҳоро бепоя хонд ва гуфта буд, ки нишасти машварати сиёсии ҳайъатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аз қабл тарҳрезӣ шуда буд ва ба сафари Игор Шувалов ва Валерий Герасимов ҳеҷ иртиботе надорад.
XS
SM
MD
LG