Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

З.Рустамова: "Дар Хуҷанд Маркази омодагии олимпӣ таъсис ёбад"


Зебунисо Рустамова, камонкаши маъруфи тоҷик.

Зебунисо Рустамова, камонкаши маъруфи тоҷик.

Зебунисо Рустамова, қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба камонкашӣ пешниҳод кард, ки дар вилояти Суғд Маркази омодагии олимпӣ таъсис дода шавад.

Хонум Рустамова ин дархости худро ахиран дар мулоқоти варзишгарон бо Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд баён дошт. Ба назари вай, Маркази мазкур пойгоҳе барои омодагии варзишгарони тоҷик хоҳад буд, ки шаъну шарафи варзишии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ боло мебаранд.

Дар замони шӯравӣ барои варзишгарони номии тоҷик чунин имконияти машқ дар марказҳои олимпии Русияву дигар кишварҳои шӯравӣ фароҳам буд, аммо бо барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ, онро аз даст доданд. “Аз ин рӯ, зарурати таъсиси чунин Марказ дар ватан пеш омадааст. Умедворам ин пешниҳоди ман ба назари эътибор гирифта хоҳад шуд.” - афзуд вай.

Дар мулоқоти мазкур варзишгарон баён доштаанд, ки дар солҳои охир дар вилояти Суғд бунёди варзишгоҳҳои бузургу замонавӣ бо суръат ҷараён дорад. Майдони футболи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст, майдонҳои теннис ва ях, ҳавзи болопӯшидаи оббозӣ дар Хуҷанд ва майдони бузурги футбол дар Истаравшан, аз ҷумлаи чунин иншоотҳои бузурганд, ки дарҳои худро ба рӯи варзишгарону дӯстдорони варзиш боз намуданд. Вале аз нигоҳи хонум Рустамова, ҳанӯз мураббиёни варзиш аз ин имконот босамар истифода намебаранд ва чунин ба назар мерасад, ки ҳар варзишгар ба мусобиқаҳо мустақилона омодагӣ мебинад.

Зебунисо Рустамова мегӯяд, дар Маркази омодагии олимпӣ бояд ҳама имконот барои тамрини варзишгарони сатҳи олӣ ва мураббиёни онҳо на барои як давраи муайян, балки барои доимӣ фароҳам карда шавад.

“Чунки барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ омода намудани варзишгар натиҷаи заҳмати як солу ду сол нест, балки ин натиҷа дар пайи кори доимии варзишгар, мураббӣ ва мутахассон ба даст меояд.” - афзуд вай.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG