Пайвандҳои дастрасӣ

"Дӯсти аввал"-и Амрико дар минтақа кӣ мешавад?


Харитаи Узбакистон - муддаии мақоми "дӯсти аввал"-и Амрико дар Осиёи Марказӣ

Харитаи Узбакистон - муддаии мақоми "дӯсти аввал"-и Амрико дар Осиёи Марказӣ

Касби мақоми шарики асосии низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ бештар ба як орзуи худи давлати Ислом Каримов мемонад, то ба як ҳадафи стротегии Вошингтон дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон.

Лилит Геворгян, таҳлилгари Ҷейн Дефенс- як маркази мутолиоти низомӣ дар Лондон –гуфт, такя ба Узбакистон метавонад танҳо яке аз роҳкорҳо дар дасти баррасӣ бошад, вале ҳанӯз тасмими ниҳоии Вошингтон нест: “Барои муқобила ба таҳдидҳо аз Афғонистон ба як кишвар такя кардани Амрико боварнокарданист. Дар чунин сурат мебоист рӯи Тоҷикистон такя кунанд, ки ба таҳдиди аз ҳама зиёд рӯбарӯст. Ва агар ҳадаф коҳиш додани нуфуз ва ҳузури Русия бошад, боз ҳам гумон намекунам, ки Амрико дар остонаи тарки Афғонистон ба кадом ихтилофи ҷиддие бо Русия майл кунад. Баръакс, Афғонистони баъди соли 2014 ҳамаи бозигарони асосӣ дар минтақаро ба сӯи ҳамкорӣ ташвиқ мекунад, то ба рақобат.”

Такя ба Тошканд дар муқобили Маскаву Пекин


Вазирони хориҷаи Амрикову Узбакистон Ҷон Керрӣ ва Абдулазиз Комилов

Вазирони хориҷаи Амрикову Узбакистон Ҷон Керрӣ ва Абдулазиз Комилов

Вазири хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов аз 11 март бо як сафари серӯза дар Вошингтон қарор дорад. Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар масоили ҳамкориҳои стротегии Вошингтону Тошканд ва ҳамчунин гузаштани артиши Узбакистон ба меъёрҳои НАТО баррасӣ шавад. Ин сафар дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз афғонистон ва эҳтимоли ба кишварҳои Осиёи Марказӣ “тӯҳфа” шудани як қисми таслиҳоте, ки ин нирӯҳо аз он кишвари ҷангзада берун хоҳанд кашид, сарусадоҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд Узбакистон ба ҳамкори умдаи низомии Амрико дар минтақа табдил мешавад.

Таҳлилгари олмонӣ Михаэл Лаубш ахиран ба радиои “Мавҷи Олмон” гуфтааст, ки Амрико бо эътои як бахши таслиҳоти нирӯҳои эътилоф баъди хуруҷ аз Афғонистон, аз ҷумла бо додани ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Узбакистон роҳи тақвияти нуфузи геополитикиаш дар Осиёи Марказӣ аз тариқи такя ба Тошкандро дунбол мекунад. Ба ақидаи ин муҳаққиқ, Амрико мехоҳад як қутби муқобил ба нуфузи низомии Маскаву Пекин дар минтақаро маҳз дар Тошканд бисозад.


Владимир Мухин, шореҳи низомии нашрияи “Независимая газета”-и чопи Маскав мегӯяд, Ислом Каримов, ки бо тағйири мукаррари қиблаҳои сиёсиаш маъруф аст, ҳоло ошкоро роҳи қаробати бештар бо Амрикоро меҷӯяд ва умед дорад, ки як бахши азим аз таслиҳоти нирӯҳои эътилофро баъди хуруҷ аз Афғонистон аз худ кунад.

Меъёрҳои НАТО барои сарбозони узбак

Оқои Мухин мегӯяд, Тошканд, ҳамин тавр, дар роҳи гузаштани артишаш ба меъёрҳои НАТО низ пеш аз ҳама ба ёрии Вошингтон умед мебандад: “Агар Узбакистон ба меъёрҳои НАТО гузарад, ин як кори пурхарҷ аст, чунки бояд ҳам аслиҳаи артишро бакуллӣ иваз кунад ва ҳам ба нирӯҳояш тарзи истифодаи ин таслиҳоти ҷадидро омӯзонад. Албатта, режими Каримов ҳамчунон рӯи найзаҳои артиш истодааст, вале Узбакистон барои азнавсозии артишаш пули кофӣ надорад ва ин корро танҳо бо ёрии Амрико метавонад анҷом бидиҳад.”

Узбакистон соҳиби яке аз артишҳои муқтадири Осиёи Марказист. Бино бар ҳисоби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ(IISS), нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистон беш аз 700 зиреҳпӯш, 340 тонк, 135 ҳавопаймо ва қариб 500 тӯпхона дорад, ки дар муқоиса бо 46 зиреҳпӯшу 37 тонк ва танҳо 3 чархболу як ҳавопаймои нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, албатта, як нирӯи хеле азимтар менамояд. Аммо бахши аъзами таслиҳоти артиши Узбакистон меросест, ки аз Артиши Шӯравӣ барояш мондаву хеле кӯҳнаву фарсуда шудааст.

Ҳуқуқи башар ва тундгароӣ дар як паллаи тарозу


Дана Рорабахер

Дана Рорабахер

Вакили Конгресси Амрико Дана Рорабахер, ки дар поёни моҳи феврал аз сафари Узбакистон баргашт, ахиран дар зеркумитаи Конгресс дар ҷараёни баррасии масъалаи таҳдиди ҷангиёни исломӣ дар АвроОсиё гуфт, Ислом Каримов дар дидор бо онҳо аломат додааст, ки мехоҳад артишаш ба меъёрҳои НАТО гузашта, бо силоҳҳои амрикоӣ мусаллаҳ шавад. Ин вакили ҷумҳурихоҳ гуфт, Тошканд ҳуқуқи башар ва озодии баёнро ба хотири бастани роҳи тундгароии исломӣ маҳдуд мекунад ва ин масъала набояд садди ҳамкории Вошингтону Тошканд дар соҳоти амниятиву низомӣ шавад: “Гурӯҳҳои тундрави исломӣ бо ҳадафи сохтани хилофати исломӣ ба инҷо бармегарданд. Мақомоти узбак пеши роҳи онҳоро мегиранд. Ин ҳам ба манфиати онҳо ва ҳам ба манфиати мост. Ба бовари ман, ҳуқуқи башар бояд як бахши кор бошад, вале дар айни замон мо намехоҳем, ки Исломи тундрав бар кишварҳое нуфуз кунад, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром надоранд. “

Ин дар ҳолест ки Ҳюман Райтс Вотч – як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқ аз вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ хостааст, то дар музокирот бо ҳамтои узбакаш Абдулазиз Комилов масоили ҳуқуқи башарро қурбони муомилоти сиёсӣ накунад. Амрико аз соли 2004 аз ҷумла ба далели вазъи бади ҳуқуқи башар ироаи ёриҳои низомӣ ба Узбакистонро маҳдуд карда буд, вале Сенат 22 сентябри соли 2011, дар пайи мушкил шудани таъмини нирӯҳои эътилоф аз тариқи Покистон, ин маҳдудиятҳоро муваққатан аз миён бардошт ва Амрико ин ёриҳояш ба Узбакистонро аз сар гирифт.

“Аз мо силоҳи сақил нахостаанд”

Роберт Блейк, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ дар ҷараёни арзёбии ахир дар зеркумитаи Конгресс дар ин робита гуфт: “Мо Узбакистонро ба хотири кумак ба ниёзҳои дифоъияш бо силоҳ таъмин мекунем. Чунки онҳо ба таҳдидҳои воқеъӣ дучор шудаанд, ки танҳо ба ҳимояти онҳо аз шабакаи шимолии таъмини нирӯҳои эътилоф рабт надорад, балки гурӯҳҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷиҳоди исломӣ онҳоро ҳадаф қарор додаанд. Ва ин ба манфиати мост, ки ба онҳо барои дифоъ аз ин таҳдидҳо кумак кунем. Онҳо аз мо таслиҳоти сақил нахостаанд, дархости аз ҳама бузурги онҳо ҳамин буд, ки дар таҳкими иқтидори дифоъияшон кумак кунем.”

Имсол ҳаҷми ёриҳои амниятии Вошингтон ба Тошканд 3,4 миллион доллар пешбинӣ шудааст, вале Тошканд ва лоббиҳояш дар Вошингтон, албатта, ҳаҷми ба маротиб бузургтари додугирифти низомиро мехоҳанд.


Лилит Геворгян

Лилит Геворгян

Владимир Мухин мегӯяд, ваъдаи ахири ёриҳои низомии Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон як навъ посухе ба ин аломатҳои қаробати низомии Вошингтону Тошканд аст, ки ба бовари ин шореҳи низомии рус, батадриҷ ҷомаи такягоҳи асосии Амрико дар Осиёи Марказиро ба тан мекунад. Лилит Геворгян аз Ҷейн Дефенс чунин дурнаморо як каме муболиғаомез хонда, мегӯяд, таъсиси пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави Узбакистон қонунан манъ шудааст ва ҳамкориҳои низомии Тошканду Вошингтон шояд аз ҳадди бунёди ягон пойгоҳи хурди транзитӣ фаротар ҳам наравад. Албатта, дастикам дар кӯтоҳмуддат.

Аммо ба бовари ҳарду таҳлилгар, Узбакистон бо вуҷуди тамоми ҷаззобиятҳои геополитикиаш барои Ғарб ба он андоза муҳиму ивазнашаванда нест, ки Амрико бо ҷиҳатгирии ошкоро дар қиболи ин кишвар низомҳои бе он ҳам то ҳадде маскавгаро дар Душанбеву Бишкекро боз ҳам бештар ва он ҳам бо дастони худ ба оғӯши Маскав тела диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG