Пайвандҳои дастрасӣ

Додхоҳии иддае аз сокинони Ваҳдат ва Рӯдакӣ аз Эмомалӣ Раҳмон


Субҳи рӯзи чаҳоршанбе гурӯҳе аз сокинони ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ омада, аз президент хостаанд ба мушкили онҳо дар масъалаи тақсими замин расидагӣ кунад.

Афроди норозӣ бар инанд, ки масъулони кумитаҳои замин дар ин минтақаҳо ва ходимони ҳукуматҳои маҳаллӣ, сарфи назар аз доштани сертификатҳои замин, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзии онҳоро гирифта, аммо дар иваз ба онҳо замин ҷудо накардаанд.

Ба гуфтаи ин афрод, бо вуҷуди арзу шикоятҳо ба додгоҳҳои ноҳиявӣ, мақомоти масъул ба додашон нарасидаанд. Алибой Шарифови 80-сола, сокини деҳаи Чуянгарони ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ки замини кишташро раиси ноҳия гирифта, вале дар ивази он ба ӯ то ҳол ягон порча замин ҷудо накардаанд.

Вай мегӯяд, ки «6 фарзанду 6 келин дорам, манзили зистам бисёр танг шудааст. Заминамро гирифтанд, ҳеҷ чиз надоданд, чӣ кор кунам, намедонам, боз ночор ба назди президент омадам.»

Дар ҳамин ҳол Муродалӣ Алимардонов, муовини нахуствазири Тоҷикистон бархе аз додхоҳонро ба ҳузур пазируфта ва қарор аст ба мушкили онҳо расидагӣ кунад.

Дар гузашта низ чунин мавориди додхоҳӣ аз сӯи иддае аз сокинони ноҳияҳои мухталиф ба ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус ба раёсати ҷумҳур, Додситонии кулл ва ғайра дар мавриди тақсими ноодилоани замин вуҷуд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG