Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми AFC-2013: Имрӯз бозии “Регар” бо “Сафо” дар Бейрут


Дастаи «Регар-ТадАЗ

Дастаи «Регар-ТадАЗ

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода имрӯз, 5-уми март, дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар Бейрут бо тими “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад.

Ба иттилои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, ин бозии гурӯҳи “А”рӯзи 5-уми март соати 17 ба вақти маҳаллӣ ва соати 20 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.


Дарвоқеъ, бошгоҳи “Регар-ТадАЗ” либоси нави варзиширо барои мавсими соли 2013-ум намоиш дод. Тавре сомонаи бошгоҳ хабар додааст, нисбат ба мавсими соли гузашта дар либоси даста баъзе тағйирот ба амал омадааст.


Дар мавсими нав дар бозиҳо ин даста дар майдони худ бо либоси анъанавии сурху сафед бо ҷузъиёти нав бозӣ хоҳад кард. Дар сафар бошад, дар бисёр мавридҳо футболбозони даста пероҳани рангаш сафед ба бар мекунанд.


Бинобар ширкати дастаи “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC бар асоси талаботи Конфедератсияи футболи Осиё либос бо рамзҳо истеҳсол шудааст. Чун қоида, дар футболка ё куртаи варзишӣ ба ҷуз рақами бозигар насаби ӯ ва рамзи сарпарасти кулли бошгоҳ - ширкати «TALCO Management Limited», дар остини курта логотип ё рамзҳои Ҷоми AFC ва «Fair Play» (бозии мунсифона) нақш бастааст.


Ба Бейрут дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ҳайати зерин сафар кардааст:

Дарвозабонҳо – Алишер Додов, Фарҳод Юлдошев.

Ҳимоятгарон – Далерҷон Тухтасунов, Фаррух Чориев, Алексей Неъматов, Акмал Сабуров, Сафар Каримов, Баҳодур Азизов, Фрейтас Фабрисио.

Нимҳимоятгарон – Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Расул Файзов, Сантос Элтон, Сардорбек Эминов.

Ҳамлагарон – Шодибек Ғаффоров, Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фирӯз Раҳматов.
XS
SM
MD
LG