Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон "раво" ва дар Покистон "нораво" бошад?


Ҷонон Музозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.
Ҷонон Музозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон изҳороти нави раиси Шӯрои уламои Покистонро «сиёсӣ, ғайримасъулона ва хандаовар» хондааст.

Ба тозагӣ Тоҳир Ашрафӣ, раиси Шӯрои уламои Покистон ҳамлаҳои интиҳориро дар Афғонистон «ҳалол» ва дар Покистон «ҳаром» хонда буд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи якшанбеи 3-юми март дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки ба шумули муфтии аъзами Арабистони Саудӣ, уламои дин аз тамоми кишварҳои исломӣ ҳамлаҳои интиҳориро ҳаром медонанд.

Ҷонон Мусозай ҳамчунон таъкид намуд, ки чунин изҳороти ғайримасъулона ба нафъи субот дар минтақа нест: «Изҳоротеро, ки шахсе таҳти унвони олими дин дар Покистон иброз дошт, давлати Афғонистон онро рад мекунад. Ин изҳорот ғайримасъулона сурат гирифта, комилан сиёсӣ, хандаовар буда ва ба ҳеҷ сурат ба нафъи таъмини сулҳ, субот ва таҳкими равобит байни ду кишвар нест.»

Шӯрои уламои Афғонистон ҳам бо интишори эъломия, изҳороти раиси Шӯрои уламои Покистонро ба шиддат маҳкум карда ва онро хилофи аҳкоми динӣ хондааст.

Дар ин эъломия ҳамчунон омадааст, ки гуфтаҳои Тоҳир Ашрафӣ таблиғи сиёсӣ ва истихборотӣ буда ва талош барои бештар сохтани мушкилот ва фитна дар миёни мусалмонон аст.

Раиси Шӯрои уламои Покистон дар айни ҳол гуфтааст, ки Афғонистон аз сӯи Амрико ишғол шудааст. Аммо сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон бо радди ин иддаои Тоҳир Ашрафӣ таъкид мекунад, ки Афғонистон дорои ҳокимият ва истиқлоли комил аст.

Ба гуфтаи коршиносон, изҳороти нави раиси Шӯрои уламои Покистон дар мавриди Афғонистон, ба дастури ҳукумат ва созмони истихборотии он кишвар сурат гирифтааст.

Ин изҳорот дар ҳоле мунташир мегардад, ки қарор буд як нишасти муштараки уламои динии Афғонистон ва Покистон дар мавриди барқарории сулҳи Афғонистон, дар Кобул баргузор шавад. Аммо тибқи гузоришҳо, уламои Покистон бо баҳонаҳои гуногун аз ҳузур дар ин нишаст худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG