Пайвандҳои дастрасӣ

Сино дар Донишгоҳи Сино. Ҷарроҳ шавад ё табиби оилавӣ?


Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳар сол ҳудуди ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи 4 ихтисос хатм мекунанд.

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳар сол ҳудуди ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи 4 ихтисос хатм мекунанд.

Сино мехоҳад табиби уролог бошад, аммо ба дарёфти ин тахасcус будуни пардохти ришва бовар надорад.

Сино як донишҷӯ аст, ки эҳтимол аз замони чунин номгузорӣ шуданаш падару модар хостаанд, ки ӯ пизишк бошад. Вай дар қатори зиёда аз 1000 нафари дигар пас аз шаш соли таҳсил дар ин донишгоҳ акнун бояд ихтисоси худро муайян кунад. Вале бо мушкил рӯбарӯст, зеро донишгоҳ пизишкони ояндаро на аз рӯйи хости онҳо, балки вобаста ба ниёзҳои кишвар ба гурӯҳҳо ҷудо мекунад.

Сино мегӯяд: «Ҳоло таври маълум талабот ба кори уролог зиёд аст ва ин ихтисос нисбати дигар риштаҳои соҳаи тиб пешрафтатар аст. Пеш аз мо донишҷӯёни хатмкарда гуфтанд, ин имкон ҳаст, бархе аз онҳо гуфтанд, ки онҳо ихтисоси дилхоҳашонро бо маблағи 1500 ё 2000 доллар харидаанд. Ҳар касе, ки дасту донишаш мерасад, мехоҳад ихтисоси худро гирад, вале баъде ки нашуд, маҷбурем ҳамин тахассуси тибби оилавиро гирем».

Пизишки оилавӣ дастрастарин ихтисос барои донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ аст, аммо аксари кулли онҳо мехоҳанд, ихтисоси ҷарроҳу дандонпизишк ё гинеколог-акушерро гиранд. Донишгоҳ ва Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки бояд ҷойи холии 4000 пизишки хонаводагӣ ва кӯдакон, мутахассисони силшинос ва наркологро пур кунад. Аз ҷумла, Тоҷикистон имрӯз ба 78 табиби силшинос 393 пизишки оилавӣ ва духтури кӯдакон ниёз дорад. Ба ин тартиб, байни орзуи донишҷӯён ва талаботи кишвар холигоҳе ба миён омадааст.

Саломиддин Юсуфов, сардори раёсати илм, таҳсилот ва сиёсати кадрӣ дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, вобаста ба ислоҳоти соҳа талабот ба тахассусҳо ҳам дар чанд соли охир тағйир ёфтааст.

Тақсими тахассус ба донишҷӯён пас аз хатми курси шаш ва тибқи талаботи соҳаи тандурустӣ сурат мегирад. Аммо донишҷӯён бештар ба ихтисосҳое майлу рағбат доранд, ки сердаромад ва бонуфуз ба шумор мераванд. Вақте орзуи онҳо ба зарурати кишвар бармехӯрад, онҳо худро зери фишор ҳис мекунанд. Аксари онҳо мехоҳанд дар Душанбе монанд ва ҷарроҳ, дандонпизишк ё гинеколог-акушер бошанд. Онҳо шикоят мекунанд, ки чаро ҳаққи интихоб надоранд.

Дар посух Саид Қурбонов, ноиби ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, фақат ба он донишҷӯёне имкони интихоб дода мешавад, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардаанд ва ё омодаанд, ки чанд сол дар навоҳии дурдасти кишвар, мисли Мурғоб, кор кунанд.

Ҷаноби Қурбонов бо таассуф меафзояд, ки имрӯз аксар донишҷӯён мехоҳанд дар пойтахт бимонанд ва танҳо як қисми ангуштшумор ҳозиранд, ки барои интихоби ихтисоси дилхоҳи худ чанд соли корашонро дар минтақаҳои дурдаст сипарӣ кунад. Рағбати сахти ҷавонон ба риштаҳои ҷарроҳӣ, шикастбанд ё табиби бемориҳои занонаро ҷаноби Қурбонов чунин шарҳ медиҳад:

«Тавре маълум аст, тиб ҳоло хусусӣ шуда истодааст ва ҷавонон ҳам мебинанд, ки ҷарроҳону духтурони занона чӣ қадар имконияти васеъ ва нуфуз доранд, онҳо ҳам ин риштаҳоро интихоб мекунанд. Онҳо намефаҳманд, ки барои ҷарроҳ ё духтури занона шудан ба камаш 10-15 сол омӯхтан даркор. Ҷарроҳӣ як ҷоро буридану дӯхтан нест, ин аз табиб масъулияту дониши зиёдро талаб мекунад».

Иттифоқан дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида низ, онҳое, ки мехоҳанд ҷарроҳ шаванд, бояд ба камияш 10 сол ёвари пизишки машҳуре бошанд ва бо музди кам коромӯзӣ кунанд. Дар Тоҷикистон чунин пизишкони номдор омода нестанд, шогирде парвариш намоянд, зеро метарсанд, ки шогирд хеле зуд метавонад ҷойи онҳоро бигирад. Аммо талоши ҷавононро ба дарёфти ихтисоси дӯстдоштаашон низ наметавон рад кард. Вале ихтилофи байни орзуи онҳо ва талаботи кишвар ҳолатеро ба миён овардааст, ки мушкил ба василаи ришва ё “тағо” ҳалли худро пайдо кунад.

Давлатмоҳ, донишҷӯи соли охири Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино мегӯяд, барои аксар донишҷӯён ихтисоси дилнохоҳи пизишки оилавӣ пешниҳод мешавад. Аммо Давлатмоҳ мегӯяд, бо истифода аз донишу малакаи худ талош хоҳад кард, то тахассуси дилхоҳашро ба даст орад. Ба ақидаи ӯ, таблиғу таъкид сари зарурат ба пизишкони хонаводагӣ як раванди сунъист:

«Дар давлати мо, ба фикрам, вақте мардум ба ин пизишкон чандон таваҷҷӯҳ надоранд, талабот ҳам зиёд набояд бошад. Гузашта аз ин, ҳоло ба донишҷӯёни белаёқату камдониш ҳам тахассуси табиби оилавӣ дода мешавад. Ман ҳам намехоҳам табиби оилавӣ бошам. Албатта, роҷеъ ба бо пулу тағо мешавад, тахассус гирифт, сӯҳбатҳо зиёданд, аммо ман ин имкониятро надорам ва талош мекунам, ки бо истифода аз дониш ихтисоси беҳтареро барои худ бигирам».

Вале оё шеваи феълии тақсими ихтисосҳо дар донишгоҳ ва истифода аз роҳҳои ғайрирасмӣ барои гирифтани ихтисосҳои серхаридор то куҷо барои ин соҳа беҳбудӣ меорад ё аслан то куҷо бо ин шева метавон эҳтиёҷ ба муттахассисони арзандаро бароварда кард?

Миралӣ Одинаев, ҷарроҳи таҷрибадори тоҷик, мегӯяд, аз як сӯ пешниҳоди маҷбурии тахассус барои табибони оянда дар фаъолияти минбаъдаи онҳое, ки бо ҳаёту мамоти инсонҳо сари кор доранд, бетаъсир намемонад. Табиб дар сурате метавонад дар кори худ муваффақ шавад, ки агар ба он меҳр ва қобилият дошта бошад. Ба андешаи ҷаноби Одинаев, ихтисос бояд вобаста ба қобилият ба ҳар шахс пешниҳод шавад. Ҷаноби Миралиев меафзояд, солҳои охир онҳое ба ихтисоси ҷарроҳӣ соҳиб мешаванд, ки лаёқати ин корро надоранд.

«Баъзе аз ҷавонон фикр мекунанд, ки барои ҷарроҳ шудан чандон дониши илмии хуб даркор нест. Қобилияту ҷуръат доштан даркор халос. Ин иштибоҳ аст. Табибе, ки саводи хуб надошта бошад, анатомияро хуб надонад, ӯ чӣ хел ҷарроҳ мешавад?»

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ҳар сол ҳудуди ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи 4 ихтисос хатм мекунанд. Ин муассиса дар 73 соли фаъолияти худ 35 ҳазор муттахассиси соҳаи тиб омода кардааст, ки беш аз 5 ҳазорашон дар хориҷа фаъолият доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG