Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи донишҷуён аз таҳсил дар Миср. Таъмини амният ё хавф аз "баҳори араб"


Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср.
Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср.

Вазорати маорифи Тоҷикистон имсол беш аз 10 ҷавонро аз имконоти таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Миср маҳрум кард ва ҳамин тавр саҳмияе, ки аз ҷониби ин кишвар пешниҳод шуда буд, барҳадар рафт.

Абдусаттор Одинаев, масъули бахши равобити байналмилаллӣ дар Вазорати маориф дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ба хотири таъмини амнияти ҷавонони тоҷик ва дар пасманзари нооромиҳои Миср, имсол сафари ҷавонон ба ин кишвар манъ шуд.

«Мо имсол бо Ҷумҳурии Мисри Араб шартнома доштем, аммо вобаста ба воқеаҳои ахири ин кишвар, тибқи қарори ҳукумат муваққатан аз ирсоли донишҷӯён ба ин кишвар худдорӣ кардем. Вале сафари ҷавонон бо роҳҳои хусусӣ идома доранд. Ва ҷавононе, ки ҳоло дар Миср қарор доранд, таҳсилашонро идома медиҳанд.»

Аммо аксари он ҷавононе, ки орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишварро доранд ва пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои ройгону арзони таҳсиланд, ин тасмими ҳукуматро ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд. Онҳо бо ишора ба эътирозу нооромиҳои давомдор ва табадуллоти давлатӣ дар Миср, ки бо тақозои майдонҳо ва бо ширкати аксаран ҷавонон сурат гирифта буд, мегӯянд, хавфи мақомоти Тоҷикистон ҳам аз он аст, ки мабодо ҷавонон аз ҳамтоёни мисрии худ ва инқилобҳои ин кишвар сабақ гиранд. Ва аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, нооромиҳои Миср як баҳонаест барои кам кардани шумори муҳассилин дар ин кишвари исломӣ, зеро таври маълум ҳукумат солҳои охир аз таҳсили ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ ҷонибдорӣ намекунад.

Рустам Юсупов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Ваҳдати ҷавонон» дар Суғд мегӯяд, албатта, масъулон бояд дар чунин шароит қабл аз ҳама дар фикри амнияти шаҳрвандон бошанд, аммо дар айни сарфи назар кардан аз шартномаву бурсҳои пешниҳодшуда кори дуруст нест. Ба ақидаи ӯ, бояд намояндагии Тоҷикистон дар Миср дар чунин шароит бехатарии ҷавононро таъмин кунад, аммо манъи сафар ва радди бурсияҳо метавонад ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф таъсири манфӣ расонад:

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира.
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира.
«Мо бояд аз ин ҳамкориҳо дар соҳаи моариф хуб истифода барем ва бо ин баҳонаҳо рад кардани роҳхатҳои таҳсил ва донишҷӯёни хоҳишмандро, ки тавре маълум шуморашон хеле зиёд аст, аз ин имконоташон маҳрум кардан кори хуб нест. Кишвари Миср то ҷое медонам пешрафта аст ва метавонад дар омода кардани мутахассисони зарурӣ барои Тоҷикистон кӯмак кунад, аммо масъалаи давлати исломӣ буданаш барои Тоҷикистон камтар хавф пайдо кардааст. Аслан мо бояд аз ҳар имконияте, ки аз сӯйи дигар давлатҳо дар соҳаи маориф пешниҳод мешавад, хуб истифода кунем.»

Ва аммо дар як тамоси телефони масъулони сафорати Тоҷикистон дар Миср гуфтанд, вазъ дар ин кишвар воқеан мураккаб аст ва ин ба таҳсили ҷавонон ҳам бетаъсир нахоҳад монд. Музаффар Маҳмадиев, котиби саввуми сафорати Тоҷикистон дар Миср гуфт: "Дар майдони "Таҳрир" намоишҳо идома доранд ва ҳукумати Миср илоҷи бартараф кардани ин мушкилро надорад. Фақат ҳоло мехоҳанд бо роҳи осоишта намоишгарон майдонро, ки тамоми роҳҳои калон ва муассисаҳои асосии давлатӣ дар ин майдон аст, тарк кунанд. Ҳар лаҳза вазъ метавонад тағйир ёбад. Давлатҳои ғарб шаҳрвандони худро даъват кардаанд, ки Мисрро тарк кунанд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки вазъ дар ин кишвар ҳоло ноором аст”

Ҷаноби Маҳмадиев мегӯяд, ҳодисаҳои 2 соли ахир ва ҳам мушкилу гарон шудани зиндагӣ дар Миср боис гашта, ки қисме аз донишҷӯёни тоҷик ҳам бо хоҳиши худ тарки ин кишвар кунанд. Аз ҷумла аз 35 нафаре, ки то соли гузашта тариқи бурсҳои вазорати моариф дар Миср таҳсил мекарданд, имрӯз танҳо 16 нафар боқӣ мондаанд. Қисмати зиёди дигар аз сафорат хостааст, онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад, то таҳсилро дар донишгоҳҳои кишвар идома диҳанд. Аммо ба ҷуз ин, имрӯз дар ин кишвар 300 ҷавони тоҷик бо роҳҳои хусусӣ таҳсили илм доранд.

Музаффар Маҳмадиев мегӯяд, ҳоло ҳукумати Миср аз нигоҳи иқтисодӣ то ҷое заиф шудааст ва онҳо бо вуҷуди муроҷиатҳои давомдор дар мавриди боло бурдани идрорпулии донишҷӯёни тоҷик, ҷавоби рад гирифтаанд.

Иддае аз донишҷӯёни тоҷик дар Миср. Акс аз бойгонӣ
Иддае аз донишҷӯёни тоҷик дар Миср. Акс аз бойгонӣ
Аммо Ҷовидон Раҳимзода, донишҷӯи соли дуввуми бахши журналистика дар яке аз донишгоҳҳои Миср мегӯяд, вазъи онҳо аслан хатарнок нест ва таҳсилашон ҳам идома дорад.

Ҷовидон мегӯяд, ба ҳар ҳол бояд аз эҳтиёт кор гирифт ва аз гаштугузор ба ҳангоми шаб худдорӣ кард. Ҷовидон меафзояд, бозгашти гурӯҳе аз донишҷӯён ҳам аз Миср ба ватан бештар на ба амнияташон дар ин кишвар вобаста буд, балки онҳо бо даъвати ҷониби Тоҷикистон баргаштанд ва ё аз донишгоҳҳои Миср хориҷ шуданд.

«Таҳсил дар ин кишвар осон нест ва он аз Тоҷикистон чанд маротиб фарқ мекунад. Бархе аз донишҷӯён инҷо аз ӯҳдаи таҳсил набаромада ихроҷ мешаванд. Инҷо мушкили аслии ҷавонони мо ҳамин забон ва мураккаб будани раванди таҳсил аст.»

Вале дар ҳар сурат Ҷовидон, ки то сафар ба Миср чанд муддат дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам таҳсил кардааст, ба таълим дар Миср баҳои баландтар медиҳад ва мегӯяд, зиндагӣ ва таҳсил дар хориҷ аз кишвар аз ҳар ҷиҳат барои ҷавонони тоҷик муфид асту дар боло бурдани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG