Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кокул" дубора ба ҳаракат даромад


Гузаргоҳи "Кокул", воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Фархор, баъди басташавии ҳудудан яксола, дубора фаъол шуд

Ҳаракат дар гузаргоҳ ба думболи аз кор мондани амад ё пароми боркашон қатъ шуда буд. "Кокул" ягона гузаргоҳи байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ин минтақа аст, ки доду гирифти тоҷирони ду давлатро таъмин мекунад ва нархи маҳсулотро дар ду тарафи марз поён мебарад.

Рустам Латипов, сардори дидбонгоҳи гумрукии «Кокул» мегӯяд, фаъолияти ин гузаргоҳ ба манфиати кишоварзон аст, ки ҳамасола метавонанд, маҳсулоти худро бо нархи хубтар ба муштариҳои давлати ҳамсоя ба фуруш гузоранд. Ӯ мегӯяд, агар дар ин гузаргоҳ пул сохта шавад, он метавонад, ба рушди тиҷорат дар ноҳия ва тамоми минтақа мусоидат кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Латипов, баъзан вақт тоҷирон мехоҳанд, бо мошинҳои боркаш ба ин тараф маҳсулот биёранд, аммо ин амади боркаш чунин қудратро надорад.

Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор низ бо таъкиди аҳамияти ин гузаргоҳ мегӯяд, «Гадиши мол, мисли маводҳои озуқаворӣ зиёд шудааст. Аз Тоҷикистон ба он тараф маводи озуқаворӣ гузаронида ва аз он ҷо ба ҳудуди ноҳияи мо маводҳои ситрусӣ ба монанди мандарину аплесин ворид шуд. Миқдори зиёд семент ҳам аз Афғонистон ворид шуд, ки нархи ин маҳсулотро арзон кард. Ин гузаргоҳ аҳамияти муҳим дорад, аз ин хотир президенти кишвар ҳангоми сафараш ба Ню-Йорк дар мавриди сохтани пул дар ин ҷо шартнома бастааст. Пас аз анҷом ёфтани пул дар ноҳияи Шӯрообод, сохтмони пул дар ин ҷо низ оғоз хоҳад ёфт.»

Амиралӣ Раҳимов, собиқадори Ҷамъияти матлубот дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Афғонистон барои кишоварзони минтақа бозори хубе ҳаст, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани кор дар гузаргоҳҳо ва табодули молу коло, зиндагии мардумро беҳтар мекунад.

Ӯ мегӯяд: «Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Афғонистон нишон дод, ки мо дар он ҷо харидорӣ худро пайдо кардаем. Аз оне, ки то Русия мебарем, Афғонистон ба мо наздиктару хубтар аст. Барои ҳамин фаъол будани гузаргоҳҳо роҳи деҳқонро барои тезтару хубтар фурӯхтани маҳсулот боз мекунад.»

Гузаргоҳи «Кокул», ягона гузаргоҳе буд, ки солҳои 1996-2001 "Толибон" бар он назорат надоштанд ва аз ин дидбонгоҳ ба минтақаҳое, ки таҳти тасарруфи "Толибон" набуданд, маводи озуқа ва сӯзишворӣ интиқол дода мешуд.

Ҳоло дар ноҳияи Шӯрообод сохтмони пуле ҷараён дорад, ки Тоҷикистонро ба вулусволии Хоҳони Афғонистон пайваст мекунад. Пас аз анҷоми ин пул, тибқи нақшаи қаблан таҳрезишуда, дар гузаргоҳи "Кокул" низ пул бунёд хоҳад ёфт. Ин пулҳо, дар маҷмуъ бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳида сохта мешаванд.
XS
SM
MD
LG