Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои 9-ум ва 10-уми март дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми Вастан баргузор мешавад.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, рақобатҳо тибқи қоидаҳои ҷадид, ки Федератсияи байналмилалии дзюдо тасдиқ кардааст, барпо мегарданд.

Ӯ афзуд: “Мо ба ин мусобиқа доварони дараҷаи байналмилалиро аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Эрон даъват намудем. Қабл аз оғози мусобиқа семинар ташкил мекунем ва доваронро бори дигар бо қоидаҳои нави дзюдо ошно месозем. Ҳамчунин, кумитаи тадорукоти мусобиқа ду варзишгари маъруфи дзюдоро даъват кардааст. Яке Тамерлан Тменови русиягӣ мебошад, ки ӯ дар ин навъи олимпии варзиш ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст. Тменов барандаи медалҳои нуқра (Афина, 2004) ва биринҷии Бозиҳои олимпӣ (Сидней, 2000) ва медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (1997) дар вазни беш аз 100 килограмм, қаҳрамони дукаратаи Аврупо (солҳои 1998-1999) мебошад. Тамерлан 27-уми июли соли 1977 дар Владикавкази Осетияи Шимолӣ таваллуд шудааст. Варзишгари дигар – паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиеви 30-сола, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ва мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (Бразилия, 2007) мебошад, ки дар айни ҳол дар шаҳри Маскав тамрин мекунад. Бовар дорем, ки ширкати ин ду паҳлавони машҳур ба ҳайси меҳмонони фахрӣ дар ин мусобиқа ба гуштигирони наврас илҳому рӯҳи тоза мебахшад“.





Маҳмуди Абдуллоҳ - сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Маҳмуди Абдуллоҳ - сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Ба иттилои Маҳмуди Абдуллоҳ, дар аввалин мусобиқаи сатҳаш байналмилалӣ ба ғайр аз паҳлавонони ҷавон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, боз намояндагони ёздаҳ кишвар – Афғонистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Узбакистон, Украина ва Эрон ширкат хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ки Клуби варзишии Вастан моҳи июни соли 2010-ум бо ибтикору сарпарастии паҳлавони маъруф Нуралӣ Шарифов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи дзюдо, устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар риштаи самбо, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Файз”, таъсис ёфтааст. Он нахуст дар ноҳияи Дарвоз баъди ба истифода додани толори варзишии Вастан, ки бо маблағи ин тоҷири ҳимматбаланд сохта шуд, ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2011-ум дар шаҳри Душанбе маркази Клуби варзишии Вастан ба фаъолият оғоз кард.

Нахуст барои кор ба ин бошгоҳ ба ҳайси сармураббӣ мутахассиси варзида, яке аз поягузорони дзюдо дар Тоҷикистон, устоди варзиши СССР, мураббии шоистаи Тоҷикистон Аҳтам Раҷабов даъват шуд. Ӯ ва ёвараш Ёдгоршо Яқинов аз ноҳияи Дарвоз дар ин минтақаи кӯҳсори кишвар ба тарбияи шогирдон пардохтанд. Ба машқҳо дар баробари писарон духтарон низ ҷалб шуданд.

Нуралӣ Шарифов - устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон

Нуралӣ Шарифов - устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон

Ҳоло Аҳтам Раҷабов бо ёваронаш, мураббиёни варзида, устодони варзиш Рустам Назаров ва Хуршед Сафаров дар Душанбе, дар маркази Клуби варзишии Вастан ба писарону духтарон сабку усулҳои дзюдоро меомӯзонанд. Барои тамрин тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар айни ҳол дар Клуби варзишии Вастан беш аз 400 нафар тамрин мекунанд.

Паҳлавонони навраси Клуби варзишии Вастан дар якчанд мусобиқаи байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардаанд. Дар ду мусобиқае, ки барои Ҷоми Ваҳдати миллӣ моҳи июни соли 2010-ум дар ноҳияи Дарвоз ва моҳи июни соли 2011-ум дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, ҷоизаҳои асосиро аъзои Клуби варзишии Вастан соҳиб гаштанд.

Вастан ин номи дараест дар деҳаи Висхарви ноҳияи Дарвоз. Маънои калимаи “вастан” баландӣ мебошад. Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, ба умеди он ки варзишгарони клуб ҳамеша аз паи фатҳи қуллаҳои баланди варзиш бошанд, ин номро интихоб кардааст.

Вай ба “Озодӣ” гуфт: “Умедворем, ки ин мусобиқа ба рушди дзюдо ва таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони навраси кишварҳои мухталиф мусоидат мекунад ва дар оянда аз миёни онҳо устодони бузурги дзюдо, ба мисли Расул Боқиев, ба камол мерасанд. Мо, ташкилкунандагони ин мусобиқа - Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Клуби варзишии Вастан тасмим гирифтаем, ки ин мусобиқа анъанавӣ гардида, ҳар сол дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Мо мекӯшем, ки дар оянда бо қарори Федератсияи байналмилалии дзюдо ин мусобиқа мақоми байналмилалӣ касб кунад”.

Ба иттилои Нуралӣ Шарифов ғолибони мусобиқа дар 9 вазн – 46, 50, 55, 60, 66, 73, 81, -90, +90 кг бо медалу диплом, либоси варзишии “кимано”ва ҷоизаи молӣ мукофотонида мешаванд.

Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо миёни наврасони соли таваллудашон 1996-1998 барои Ҷоми Вастан дар Маҷмааи нави варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, ки 1,5 ҳазор ҷойгоҳ дорад, рӯзҳои истироҳат – 9-ум ва 10-уми март соати 10-и субҳ шурӯъ мешавад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа рӯзи шанбе (9-уми март) соати 17 барпо мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG