Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи Тоҷик" интиқоли нерӯи барқро зиёд мекунад


Нерӯгоҳи "Норак" бузургтарин таъминкунандаи нерӯи барқи Тоҷикистон аст, вале дар зимистон "зӯраш ба таъмини кишвар намерасад."

Нерӯгоҳи "Норак" бузургтарин таъминкунандаи нерӯи барқи Тоҷикистон аст, вале дар зимистон "зӯраш ба таъмини кишвар намерасад."

Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, ки шурӯъ аз 7 март лимити барқ дар кишвар коҳиш меёбад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик”, рӯзи сешанбеи 5 март ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки шурӯъ аз 7 март интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум ва муасиссаҳоро дар Тоҷикистон зиёд мекунад ва лимит фақат дар соатҳои 22:00 то 5:00 ҷорӣ хоҳад буд. Ба ин тартиб, мегӯяд Нозирҷон Ёдгорӣ, интиқоли нерӯи барқ то 18 соат афзун мегардад.

Сухангӯи ширкати "Барқи Тоҷик" афзуд, ки нарм омадани зимистон ва истифодаи дурусти захираҳои об дар тирамоҳу зимистон ба онҳо имкон додааст, ки имсол интиқоли нерӯи барқро зудтар афзоиш диҳанд.

Пештар низ “Барқи Тоҷик” бо нашри як баёнияи расмӣ дар торнамои худ аз коҳиши лимити барқ хабар дода буд.

Сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз нимаи тирамоҳ то охири моҳи декабр дар як шабонарӯз то 7 соат нерӯи барқ мегирифтанду халос. Дар навоҳии кишвар нерӯи барқ аз соати 5 бомдод то 11 ва аз саоти 17 то 23 интиқол мешавад, вале айни замон “Барқи Тоҷик” мегӯяд, вобаста ба соатҳои тақозои зиёд ба нерӯи барқ мумкин аст, ки вақти таъминот дар баъзе минтақаҳо андак гуногун бошад, вале тамоми вилояту ноҳияҳо нерӯи барқ ҳамон вақт дода мешавад, ки мардум ба он ниёзи бештар дорад.

Дар Тоҷикистон дар аввали моҳи октябр интиқоли нерӯи барқро маҳдуд мекунанд, зеро нерӯгоҳи аслии кишвар “Норак” ба қадри кофӣ нерӯи барқ тавлид намекунад. Аммо ҳоло маълум нест, ки интиқоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар Тоҷикистон кай аз сар гирифта мешавад, зеро ба гуфтаи “Барқи Тоҷик”, “бо назардошти носозгориҳои табиат, ки аксаран пешгўинопазиранд, ҳоло санаи қатъи маҳдудиятро наметавон аниқ муайян намуд.”

Вале ширкат изҳори умедворӣ кардааст, ки имсол маҳдудияти нерӯи барқро зудтар аз байн мебардорад. Тоҷикистон дар фасли тобистон бештар аз эҳтиёҷоти худ нерӯи барқ тавлид мекунад ва зимистонҳо ба бештар аз 3 миллиард киловат соат нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG