Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи бензин дар пойтахти Тоҷикистон дар моҳи феврал аз 5 то 7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтаанд, коҳиши қимати бензин ба рафтори ширкатҳо дар бозор бастагӣ дорад.

Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, дар оғози моҳи феврал қимати 1 литр бензини АИ-92 назар ба моҳи январ 20-30 дирам коҳиш ёфта, 6 сомониву 30 дирамро ташкил медод ва то поёни моҳ қиматаш боз то 10 дирам арзонтар шуд. Нархи бензини АИ-95, ки дар моҳи январ беш аз 7 сомонӣ буд, низ пойинтар омада, дар поёни моҳи феврал то ба 6 сомониву 70 дирам расидааст. Ҳамин тавр, қимати як литри гази моеъ аз 3 сомониву 60 дирами моҳи январ дар моҳи ҷорӣ то ба 3 сомониву 30 дирам коҳиш ёфтааст.

Бино ба оморе, ки “Азия Плюс” бо истинод ба вазорати иқтисод меорад, ба Тоҷикистон дар моҳи январ аз хориҷ 30 619 тонна маводи нафтӣ ворид кардаанд, ки назар ба моҳи январи соли қаблӣ 6 804 тонна камтар будааст. Беш аз 50 дарсади бензину солярка ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад ва нархи миёна ҳар тонна маводи нафтӣ дар ҳоли ҳозир 1 180 доллар ва як тонна гази моеъ, ки асосан аз Қазоқистон оварда мешавад, 660 долларро ташкил медиҳад.

Ҷамъияти истеъмолкунандагони Тоҷикистон ахиран омореро нашр кард, ки мегӯяд, қимати бензин дар ин кишвар дар 4 соли охир 3,3 маротиба боло рафтааст. Бино бар ин манбаъ, дар соли 2009 як литр бензин дар Душанбе ҳамагӣ 2 сомониву 20 дирам нарх дошт.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, парвози нархи бензину солярка дар Тоҷикистон асосан аз соли 2010, дар пайи эъмоли боҷи гумрукии Русия рӯи содироти маводи нафтиаш ба Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин боҷ барои ҳар тонна вобаста ба давраҳои замонӣ аз 280 то 430 доллар болову пойин мерафт ва имсол ҳудудан 350 доллар барои ҳар тоннаро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, дар нархи ҳар литр бензине ки дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад, қариб 2 сомониаш боҷи Русия аст, ки ширкатҳои нафтӣ ҳанӯз қабл аз интиқоли бензину солярка муваззафанд ба он кишвар бисупоранд.

Дар моҳи октябри соли 2012, Русия дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии 201-умаш то соли 2042 ваъда дод, ки ба муҳоҷирони тоҷик имтиёзҳое қоил шуда, боҷи гумрукии маводи нафтиашро ҳам хоҳад бардошт. Ҳарду созишнома дар моҳи феврал дар Маскав ба имзо расиданд ва тибқи тавофуқ, Русия муваззаф шудааст, ки имсол 1 миллион тонна маводи нафтиашро ба Тоҷикистон бидуни боҷи гумрукӣ фурӯшад.Аммо ин созишномаҳо ҳанӯз тамоми мароҳили тасвибро пушти сар карда ва ба ҳукми иҷро надаромадаанд.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ба дунболи иҷроӣ шудани қарордоди маводи нафтӣ қимати бензин дар Тоҷикистон бояд ҳудуди 2 сомонӣ коҳиш ёфта, дар давру бари 1 доллар барои як литр қарор бигирад.

Аммо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар моҳи январ гуфт, ки вазораташ ба ҳукумат пешниҳод додааст, то дар пайи лағви боҷи Русия андози аксизи маводи нафтиро, ки худи ҳукумати Тоҷикистон меситонад, аз 45 еврои кунунӣ то 90 евро боло баранд. Вазорати молия мехоҳад бо ин роҳ қисми дахли будҷаро пур кунад. Вале ин пешниҳод дар ҳоли ҳозир ба мухолифати вазоратҳои иқтисод ва саноату энержӣ рӯбарӯ шудааст.

Вале ба гуфтаи коршиносони бозори маводи сӯхт, агар дар ниҳоят пешниҳоди Наҷмиддинов пазируфта шавад, пас қимати бензин баъди амалан аз байн рафтани боҷи Русия ҳам на 2 сомонӣ, балки шояд ҳамагӣ чанд дирами дигар пойин равад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG