Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин гузориши ширкати амрикоиро бепоя хонд


Ҳукумати Чин иттиҳомоти даст доштани кишварашро дар ҳамлаҳои ҳакерӣ ба серверҳои интернетии ширкатҳо ва муассисаҳои ҳукуматии ИМА бепоя хонд.

Ген Яншен, намояндаи артиши Чин, гуфт, “қонунгузории Чин ҳамагуна фаъолияти ба интернет таҳдидкунандаро иҷоза намедиҳад ва ҳукумати кишвар низ алайҳи чунин қонуншиканиҳо мубориза мебарад”. Ба таъкиди ӯ, иддаои дар Чин ҷойгир будани IP суроғаҳои аз ҷониби ҳакерон истифодашуда ҳанӯз исботи амал нест.

Хун Лей, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин низ бо тасдиқи суханони намояндаи артиши кишвараш гуфт, “сарчашмаи чунин ҳамлаҳоро пайгирӣ кардан хеле душвор аст”. Вай афзуд, “Чин худ низ аксар вақт мавриди ҳамлаҳои ҳакерӣ қарор мегирад, ки ба эҳтимоли зиёд баъзе аз ин амалҳо аз ҳудуди ИМА роҳандозӣ мешаванд”.

Ин моҷаро баъд аз он сар зад, ки рӯзи сешанбеи 19 феврал ширкати амрикоии Mandiant аз даст доштани як воҳиди низомии сиррии Чин дар анҷоми маҷмӯи густардае аз ҳамлаҳои ҳакерӣ гузориш дод.

Ба иддаои Mandiant, ин воҳиди низомӣ садҳо терабайт иттилоотро аз 141 ширкати саноатии ҷаҳон, аз ҷумла аз 115 ширкати амрикоӣ, рабудааст. Ба гуфти коршиносони Mandiant, ин ҳамлаҳо аз як бинои 12-ошёнаи канори Шанхай роҳандозӣ мешуд, ки соҳиби аслии ин бино артиши Чин будааст.

Дар ҳамин ҳол, гузориши ширкати Mandiant ҳукумати ИМА-ро сахт нигарон кард ва боиси эътирози мақомот дар Вашингтон шуд. Майкл Роҷерс, сардори кумитаи таҳқиқот дар Палатаи намояндагони Конгресси ин кишвар гуфт, ки Вашингтон дар ҳолати ҷанг дар интернет қарор дорад.

Виктория Нуланд, намояндаи Департаменти давлатӣ, ин шеваи амалро таҳдид ба амнияти миллӣ ва манфиатҳои иқтисодии Амрико хонд.

Леон Панетта, вазири дифои ИМА, як соли пеш ҳушдор дода буд, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ метавонанд ба андозаи ҳамлаҳои 11 сентябри 2001 ба Амрико зарба бизананд. Ба таъкиди вазири дифои ИМА, тибқи иттилооти созмонҳои ҷосусӣ "омилҳои хориҷӣ" системаҳои назораткунандаи бахшҳои зербиноӣ, саноат ва ҳамлу нақли Амрикоро ҳадаф қарор додаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои оҷонсии АР, мақомот дар ИМА гуфтаанд, ки дар ҳолати тасдиқи ҳамлаҳои ҳакерӣ аз ҷониби Пекин омодаанд аксуламал нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG