Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии гуштии озод шуд


Тими миллии гуштии озоди Эрон бо бартарии 6:1 муқобили Русия, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон-2013 шуд.

Истиқбол аз финали Ҷоми ҷаҳонӣ дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон ба ҳадде буд, ки ду соат қабл аз оғози мусобиқа, телевизионҳои Эрон эълон карданд, ки дарҳои варзишгоҳ баста шуда ва аз ҳаводорони варзиш хостанд ҷараёни мусобиқаро аз телевизион пайгирӣ намоянд.

Гуштигирони эронӣ зимни такрори унвони қаҳрамонии соли қабл дар Боку, интиқоми шикасти гуштии фарангиро ҳам аз Русия гирифтанд. Эрон пеш аз роҳёбӣ ба финал, Амрикоро низ дар марҳилаи гуруҳӣ бо натиҷаи 6:1 шикаст дода буд.

Ҳасан Раҳимӣ, Масъуд Исмоилпур, Содиқ Гударзӣ, Эҳсон Лашкарӣ, Ҳомид Тоторӣ ва Кумайл Қосимӣ шаш пирӯзиро ба худ ихтисос доданд ва фақат Маҳдӣ Тақво, бозиро бохт.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон низ билофосила пас аз пирӯзии Эҳсон Лашкарӣ ва дақиқ шудани қаҳрамонии Эрон, аз роҳрави вижа вориди толор шуд. Ӯ пас аз қаҳрамонии миллипӯшон дар назди онҳо ҳозир шуд ва бо интиқод аз эҳтимоли берун кардани гуштӣ аз бозиҳои олимпӣ гуфт, касоне, ки мехоҳанд гуштиро аз бозиҳои олимпӣ хориҷ кунанд, иштибоҳ мекунад.

Дар ин рақобатҳо дастаи миллии Амрико ҳам бо ғалаба бар Белорус, ба мақоми савум расид. Сармураббии дастаи милии Амрико ба хабарнигорон гуфт, "ҳаводорони эронӣ беҳтарин ҳаводорони гуштӣ дар дунё ҳастанд. Хушҳолам ки эрониён амрикоиҳоро ташвиқ карданд ва нишон доданд, оғӯши мардуми Эрон барои мардуми Амрико боз аст."
XS
SM
MD
LG