Пайвандҳои дастрасӣ

А.Шодиев: Ҷоизаи "Хиради Миллат" барои тамоми тоҷикон аст


Афзалшоҳ Шодиев, овозгони тоҷик.

Афзалшоҳ Шодиев, овозгони тоҷик.

Афзалшо Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷик мегӯяд, ҷоизаи “Хиради Миллат”, ки ба ӯ ҳадя карданд, ҷоиза барои тамоми миллати тоҷик аст.

Афзалшо Шодиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт:"Ман гуфтам, ки ин ҷоизаи ман нест, ин ҷоизаи Тоҷикистон, ҷоизаи халқи тоҷик аст, ки маро чунин тарбия кард. Ин тӯҳфа барои миллати тоҷик аст, на барои ман."

Маросими тақдими ин ҷоиза, ки як созмони ғайриҳукуматӣ тақдим мекунад, рӯзи 22 феврал дар шаҳри Маскав баргузор шуд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаи “Хиради Миллат”-ро ба Афзалшоҳи Шодӣ барои хидматҳои шоистааш барои фарҳанг, ҳунар ва санъати миллии тоҷикон сазовори ин ҷоиза донистанд.

Дар маросими тақдими ин ҷоиза, Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав низ ҳузур доштааст.

Ҷоизаи мазкурро бар асоси барномаи имиҷсозии “Раҳбарони Асри 21” ҳадя мекунанд ва соли гузашта онро Ҷӯрабеки Мурод, овозхони мардумии Тоҷикистон соҳиб шуда буд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG