Пайвандҳои дастрасӣ

Санавбар Бобоева 18 сол дорад ва 15 сол боз ҳамроҳ бо модару бародараш дар як ҳуҷраи кӯчаки Ҳизби комунист зиндагӣ мекунад.

Агарчӣ аксари бошандагони Кӯлоб Ленинро кайҳо аз ёд бурдаанд, вале тасвире, ки Санавбар ҳар рӯз баробари чашм боз кардан мебинад, ҳайкали Ленин асту парчаму шиор ва буклетҳо.

Санавбар, духтари Савсан Ҷононова, як собиқадори Ҳизби коммунист аст. 15 сол пеш падару модараш ҳаз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ бо бародару модараш дар кӯча монд. Ҳамсафони модараш дар Ҳизби коммунист ба ҳоли онҳо раҳм карданд ва гӯшаеро дар идораи ҳизб муваққатан барояшон доданд. Ин чораи муваққатӣ ба дарозои чаҳоряк умри як инсон тул кашид...

Аз он сол то ҳол Санавбару бародар ва модари онҳо бо Ленин дар як хона зиндагӣ мекунанд ва дархосту илтимосашон барои гирифтани як порча замин, ё ҳуҷрае дар ягон бино, ба шарҳрдорҳо кора накарданд. Ҳуҷрае, ки Санавбар бо модару бародараш дар он зиндагӣ мекунад, ҳанӯз ҳам бо мизу курсиҳои замони шӯравӣ муҷаҳаз аст. Аммо азбаски ҷаласае дар назар нест, мизу курсиҳо низ чаппагардонанд. Нимпайкараи Ленин, баръакси дигар нимпайкарахо пурчанги ӯ дар Кӯлоб, дар гӯшаи намоёни ҳуҷра бологузар аст. Ин хона як қолини нимдошт дорад ва ду кати хоб аст, ки модару духтар дар онҳо мехобанд ва ҷои хоби писари хонадон руи замин аст. Нисфи хона намад надорад

Савсан Бобоева, модари Санавбари 18-сола мегӯяд, аслан фақат шабона дар утоқ бо бачаҳояш зиндагӣ мекунад, зеро рӯзона дар инҷо фаъолияти ҳизбӣ дар авҷ мебошад. Вай меафзояд, духтараш бузург шудааст ва ҳоло дар омӯзишгоҳи дӯзандагӣ таҳсил мекунад. Хостгорҳо аз дуру наздик ҳаваси духтарро мехӯранд. “Аммо ба куҷо ба хостгорӣ биёянд. Ба ҳуҷраи лениндор?”-- бо алам мегӯяд Савсан.

Санавбар низ дар дил садҳо орзу дорад, аммо ҳоло орзуҳояш болу пар надоранд. Ӯ мегӯяд гоҳо аз бечорагиву бесоҳибӣ аламаш меояд ва баъзан бо Ленин “ҷанг мекунад”: «Мегӯям, ки эй Бобои Ленин, ин чӣ гуна давлате буд, ки сохтиву пош хӯрд ва ҳама сарсону саргардон шуданд. Агар давлати сохтаат имрӯз мешуд, шояд модари ман ва мо соҳиби хона мешудем. Модарам нақл мекунад, ки дар давраи Шӯравӣ одамони бесарпаноҳ набуд ва давлат ба ҳама хона медод.»

Бошандагони Кӯлоб сохти Шӯравиро ҳамчун як низоми иҷтимоие, ки касеро бесарпаноҳ намегузошт, ситоиш мекунанд ва ба назар мерасад, бисёри онҳо ҳоло низ дар ҳамон давра дармондаанд ва намехоҳанд воқеияти имрӯзаро эътироф кунанд. Номанависиҳои Савсан Бобоева низ ҳамон одати давраи Шӯравист, вагарна медонад, ки дар ин солу замон ва дар ин ҳукумат гумон аст, ки мушкиле бо нома ҳал шавад. Савсан шиква мекунад, ки ин қадар ба давлат хизмат кард, аммо касе ба қадраш нарасид: «Ҳеҷ ҷавобе намедиҳанд. Духтарам ба сину соли шавҳардиҳӣ расидааст ва писарам ба зан. Дар ин утоқ, ки ҷои кор аст, фикр кунед, ки чӣ қадар зиндагӣ мушкил аст. Ҳатто ҷои дастшӯӣ надорад. Ин утоқ хам дар зимистон сард аст ва духтару писарам ва худам бемор шудаем. Ҳамчун муаллимаи оддӣ ба фарзандони мардум дарс додаам, дар ҳизб солҳои дароз кор кардаам, методисти Шӯъбаи маориф будам, наход бо ин қадар собиқаи кориам арзиши соҳиби як хона шуданро надошта бошам?»

Аз миёни садҳо номаи Савсан Бобоева танҳо се намояндаи парлумон, ки ду тани онҳо аз Ҳизби коммунист буданд, ба қазияи ӯ таваҷҷуҳ намуданд ва аз раиси шаҳр хоҳиш кардаанд, то ба вай хона диҳад. Дар як мактуб бо имзои Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист, Исмоил Талбаков, муовини ӯ ва Сафар Амирхонов, вакили ҲХДТ аз Кӯлоб ба унвони раиси собиқи шаҳр, Савсан «эҳтиёҷманди воқеӣ» номида шудааст. Аммо дар як посухи катбӣ ба ин мактуби вакилон, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов навиштааст, ки «айни ҳол аз сабаби мавҷуд набудани хонаҳои холӣ дар Фонди манзили давлатӣ, хоҳишатонро қаноатбахш гардонида наметавонем».

Ба иттилои расмӣ ҳоло беш аз дусад сокини Кӯлоб ҳамчун афроди бесарпаноҳ сабти ном шудаанд ва аз ҳукумати маҳаллӣ хона дархост кардаанд. Инчунин, беш аз ду ҳазор нафари дигар барои гирифтани қитъаи замин ба ҳукумати шаҳр ариза додаанд.

Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, аз 30 сокини Кӯлоб ба унвони президенти кишвар ариза навиштаанд, ки бештарашон дархости манзили зист аст. Дар байни ин 2 ҳазор ариза яке аз Савсан Бобоева аст, ки ҳоло бо ду фарзанди қадрас дар як ҳуҷраи хурди Ҳизби коммунист басар мебарад. Маълум нест, ки навбати ӯ кай мерасад. Аммо агар кор ба ин кундӣ ҷараён бигирад, эҳтимолан набераву абераи Савсан Бобева низ барои суқути давлати Шӯравӣ бо Ленин “ҷанҷол хоҳанд кард.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG