Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии устодони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон


Надежда Антонова (аз тарафи дасти рост) бо модараш Лидия Антонова, ки ҳарду шатранҷбози маъруфи Тоҷикистонанд
Надежда Антонова (аз тарафи дасти рост) бо модараш Лидия Антонова, ки ҳарду шатранҷбози маъруфи Тоҷикистонанд

Мусобиқаи анъанавии зимистона оид ба шоҳмот миёни шатранҷбозони мактабҳои олии кишвар бо пирӯзии дастаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба анҷом расид.

Маъдӣ Саъдиев, сардовари ин мусобиқа, ба радиои “Озодӣ” гуфт, “ин мусобиқа, ки бо ибтикори маъмурият ва кумитаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ барои шашумин бор барпо гардид, имсол ба ҷашни 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бахшида шуд."

Мусобиқа бо ширкати устодони шатранҷбози ҳафт муассисаи олии таълимии кишвар дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гашт.”

Ба гуфтаи сардовари мусобиқа дар ҳайати дастаи ғолиб - Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шатранҷбозони маъруфи кишвар, ба мисли устоди ФИДЕ (Федератсияи байналмилалии шоҳмот), қаҳрамони Тоҷикистон Надежда Антонова ва модари ӯ - қаҳрамони бисёркаратаи кишвар Лидия Антонова ҳунарнамоӣ карданд.

Мақоми дувумро дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон касб кард. Дастаҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд бо натиҷаҳои якхела мақоми севумро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG