Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан” дар бозии санҷишӣ бар ҷавонони «Жетису»


FC Ravshan, Tajikistan
FC Ravshan, Tajikistan

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар Қайроққум ба мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 омодагӣ мебинад, 20-уми феврал дар бозии санҷишӣ бар ҳайати ҷавонони тими «Жетису»-и Қазоқистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи “Равшан” хотима ёфт. Голҳоро Нуъмонҷон Ҳакимов ва легионер Дэвид Мауто аз Гана ба ҳадаф расонданд. Дар оғози нимаи дувуми бозӣ футболбозони қазоқ ҳисобро тағйир доданд. Баъдан бозигарони “Равшан” Индус Ҳусейнзода, Наврӯз Рустамов ва Эраҷ Холов, ки дар нимаи дувум ба майдон омаданд, якголӣ зада, ҳисобро ба 5:1 расонданд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии дастаи “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон, таҳти сарварии сармураббӣ Маъруф Рустамов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Рамза”, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун, 6-уми март (рӯзи чоршанбе, соати 15) дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, баргузор мешавад.

Доварони ин бозӣ аз Узбакистонанд. Сардовар Владислав Тсейтлин, ёварони ӯ – Ҷаҳонгир Саидов ва Ҳусниддин Шодмонов, довари эҳтиётӣ Азиз Осимов таъин шудаанд. Комиссари бозӣ Муҳаммадризо Касроӣ аз Эрон мебошад.

Ба иттилои Федератсияи футболи вилояти Суғд, нархи билет ё чиптаи тамошои ин бозӣ 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Қабл аз оғози бозӣ ҳунарнамоии овозхонҳои маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва дигарон дар назар аст.


Дарвоқеъ, боз як бозии санҷишӣ миёни дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Энергетик”-и Душанбе баргузор шуд. Ин бозӣ бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Энергетик” бо ҳисоби бузурги 4:0 хотима ёфт. Алия Силла, легионер аз Гвинея, се гол зада, “хет-трик” кард. Боз як голро Шавкати Ҳотам ба самар расонд.
XS
SM
MD
LG