Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қубодиён: Рӯзи ҷумъа - «Рӯзи идеология»


Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиён

Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодиён

Рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон «Рӯзи идеология» эълон шудааст.

Меҳриннисо Раҷабова, муовини раиси ин ноҳия, дар шарҳи ин иқдоми ҳукумати маҳаллӣ гуфт, ки минбаъд ҳар ҳафта дар рӯзи ҷумъа фаъолони соҳаи идеологӣ ва маънавиёти Қубодиён гирди ҳам омада, умдатарин мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Вай афзуд, рӯзи ҷумъа барои мусалмонон рӯзи муборак маҳсуб меёбад ва дар ин рӯз дар чаҳорчӯби иқдоми «рӯзи маънавиёт» дар тамоми масҷидҳои ҷомеи ноҳия имомон марбут ба ватандорию тарғиби ахлоқи ҳамида дар миёни ҷавонон мавъизаҳо мехонанд, кормандони мақомоти давлатӣ ба суҳбати ҷавонон ва занон рафта, намоишгоҳи ҷойҳои кори холӣ баргузор мекунанд.

«Бо таваҷҷуҳ ба дингароии бахши аъзами аҳолӣ ва таъсири зиёди дину мазҳаб дар зиндагиамон, мо рӯзи ҷумъаро ҳамчун рӯзи идеология дар ноҳия эълон кардем. Ҳар ҳафта дар ин рӯз пас аз адои намози ҷумъа, соати 15, фаъолони ҷомеа, кормандони риштаи маънавиёт дар бинои ҳукумат ҷамъ мешаванд. Пурсишҳо, дастурҳо, табодули назар сурат мегирад. Роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷударо бо ҳам меомӯзем, баррасӣ мекунем. Баъзе масъулон ба ҷамоатҳо, ба масҷидҳо рафта, бо мардум аз наздик суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд», - гуфт М.Раҷабова.

Эълони рӯзи идеология дар ноҳияи Қубодиён дар ҳолест, ки дар ин авохир аз ин ноҳияи сарҳадии Тоҷикистон хабарҳои зидду нақиз оид ба гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мизони баланди бекорӣ зиёд нашр мешаванд.

Ба гуфти Ситора Қараева, мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати ноҳияи Қубодиён, як сабаби аслии гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Узбакистон», сатҳи баланди бекорӣ дар миёни ҷавонон мебошад. Ба иддаои ӯ, дар сурати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғли муносиб андармон кардани ҷавонон, мизони ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон ба таври худкор коҳиш хоҳад ёфт.

«Ҳоло барнома ва идеяҳое оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон дар деҳоти дурдаст, бахусус деҳаи «Қизил нишон», ки чанд сокини ин деҳаро бо ҷурми пайравӣ аз «ҲИУ» боздошт карда буданд, рӯйи даст дорем. Мехоҳем, бо ҷалби соҳибкорони ҷавон дар ин деҳа сехи консервабарорӣ ва коргоҳҳои хурди ҳунарӣ барои ҷавонони бекор бунёд намоем. Ҳоло ҷавонон дарк кардаанд, ки давлат нисбати онҳо беаҳамият нест», - афзуд С. Қараева.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомеашиносони маҳаллиро мизони баланди ҷинояткорӣ, коҳиши сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, бекорӣ дар миёни ҷавонон ва занон ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ дар Қубодиён нигарон кардааст. Аммо Адолат Сайфуллоева, таҳлилгари маҳаллӣ, бар ин назар аст, ки эълони барномаи рӯзи маънавиёт дар Қубодиён метавонад вазъи вахими идеологии ин ноҳияи сарҳадиро беҳтар кунад.

«Бо омадани раиси нав ба ноҳия эҳсос мешавад, ки таваҷҷуҳи аслӣ ба беҳбуд бахшидани вазъи идеологӣ зоҳир мешавад. Воқеан, ин хеле муҳим аст. Дар чанд соли охир ин ришта хеле фалаҷ шуда буд, кадрҳои захиравӣ набуд, дастгирии ҷавонон эҳсос намешуд, мутахассисонро бесабаб аз кор меронданд, иртибот бо мардум ҷуста намешуд, дастрасии мардум ба раҳбарони ноҳия маҳдуд буд. Мардум дилсард буданд аз кори ҳукумати маҳаллӣ, аммо ҳоло мебинам, ки вазъ ислоҳ шудан дорад. Бояд гуфт, ки барои муътадил кардани авзоъ дар ноҳия заҳмати бисёр кашидан лозим, наздикӣ ҷустан бо аҳолӣ ва эътимоди онҳоро ба мақомоти давлатӣ таҳким додан зарур аст», - гуфт А. Сайфуллоева.

Дар аввалин ҳамоише, ки дар чаҳорчӯби Рӯзи идеология баргузор гардид, беш аз 200 нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шуда, пиромуни мушкилоти доғи иҷтимоӣ табодули назар карданд. Раҳбарияти ноҳия аз шаҳрвандон ва созмонҳои иҷтимоӣ даъват кардааст, ки бо ҳукумати маҳаллӣ иртиботи зич дошта бошанд ва дар баррасии мушкилоти иҷтимоии мардум ва пайдо кардани роҳи ҳалли он ба маъмурияти ноҳия ёрӣ расонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG