Мубин Эргашев, сармураббии тозатаъини тими «Хуҷанд», ба “Озодӣ” гуфт, “дар айни ҳол ҷамъомади таълимию тамринии даста дар шаҳри Қайроқум ҷараён дорад. Дар ҳайати “Хуҷанд” бозигарони нави пуртаҷриба, аъзои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон - ҳамлагар Юсуф Рабиев ва нимҳимоятгар Маҳмадалӣ Содиқов, ки қабл аз ин дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекарданд, тамрин мекунанд. Инчунин, мо ба ҳайати даста бозигарони тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – ҳимоятгарон Сиёвуш Асроров ва Сергей Абрамов, нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиевро даъват намудем. Боз ба даста якчанд бозигари нав, ҳамчунин, футболбозони хориҷиро даъват карданием.”
Бояд гуфт, ки ҳарсе бозигари “Вахш” моҳи январи соли равон таҳти раҳбарии Мубин Эргашев дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар Санкт-Петербурги Русия ҳунарнамоӣ карданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа миёни 12 даста дар мақоми 8-ум ҷойгир шуд.
Мубин Эргашеви 39-сола ҳамзамон мураббии калони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар мебошад.