Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУД: "Гаравгонҳои украинӣ тайи як амалиёти муштарак раҳо шуданд"


Мақомоти тоҷик мегӯянд, гаравгонҳои украинӣ тайи як амалиёти муштараки нерӯҳои таъйиноти махсуси вазорати умури дохилӣ (ОМОН) ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раҳо шудаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал ба "Озодӣ" гуфт, ки дар амалиёти озод намудани шаҳрвандони Украина, кормандони ОМОН ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сафарбар шуда буданд ва он 31-уми январ дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Сафири Укроин дар Душанбе низ ин хабарро таъид карда саҳми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва вазорати хориҷиро дар раҳоии шаҳрвандонаш муҳим хондааст. Аммо бо ин ҳам дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи гаравгонгирӣ ва шартҳои раҳоии шаҳрвандони укроинӣ иттилое дода намешавад. Дар ҳоле, ки бархе аз манобеъи огоҳ муомилоти тиҷоратиро сабаби аслии рӯ задани ҳодисаи ба гарав афтодани се укроинӣ ва дар ниҳоят дахолати неруҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон хондаанд.

Амалиёти раҳоии се шаҳрванди Укроин аз гарав аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар таърихи 31-уми январ сурат гирифт.
Ҳарчанд ба иттилои расмӣ, ҳодисаи гаравгонгирии укроиниҳо 27-уми январ ошкор шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, пас аз мушаххас шудани макони буду боши гаравгонгирон, неруҳои интизомӣ ва амниятӣ, ба хусус кормандони раёсати ҷиноятҳои созмонёфта ва ОМОН ё гурӯҳи таъиноти махсус, амалиёти раҳосозии шаҳрвандони укроиниро ба роҳ монданд. Ҳарчанд гаравгонгирифтагон барои раҳоии укроиниҳо маблағи 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, аммо ба ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бидуни пардохти маблағе шаҳрвандони Укроинро раҳо кунанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Виктор Никитюк, сафири Укроин дар Душанбе низ дар сӯхбат бо РО хабари раҳоии се шаҳрванди кишвараш аз гаравро тасдиқ кард ва гуфт онҳо дар вазъи амне ба сар мебаранд. Вай афзуд, «танҳо он чизе, ки ман тасдиқ карда метавонам, ин аст, ки шаҳрвандони укроинӣ, ки дар вазъияти номуносиб, яъне гарав афтода буданд, озод карда шуданд. Ин кор бо талошу фаъолияти ҳирфаии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон амалӣ шуд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки мутааассифона ман дар ин амалиёт шоҳид ва ё ҳузур надоштам, дар бораи ҷузъияти он чизе гуфта наметавонам. Аз сӯи дигар низ фаъолияти мақомоти ҳизфи ҳуқуқи Тоҷикистонро шарҳ дода наметавонам.»

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ чун сафири Укроин аз ироаи тафсилоти ҳодисаи гаравгонгирӣ ва амалиёти раҳоии се укроинӣ худдорӣ мекунанд. Аммо ба таъкиди онҳо, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он ҷараён дорад, ки дар ояндаи наздик зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон эълом хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Виктор Никитюк, сафири Укроин дар Душанбе мегӯяд, онҳо бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ қарор доранд ва таҳқиқи ин парвандаро пайгирӣ хоҳанд кард.

Бо он ки ҷузъияти ҳодисаи гаравгонирии се шаҳрванди укроинӣ ба таври расмӣ шарҳ дода намешавад, аммо гуфта мешавад, ин ҳодиса дар пайи муомилоти тиҷорӣ миёни укроиниҳо ва шаҳрвандони тоҷик иттифоқ афтодааст. Маблағи 100 ҳазор доллар дар ин муомила меҳвар қарор гирифтааст. Аммо то куҷо ин фарзия асли ҳодисаи ба гарав афтодани се укроинӣ дар Душанбе шудааст, танҳо ҷараёни таҳқиқи парванда онро собит хоҳад кард.

Бо ин ҳама, ин ҳодиса дар шабу рӯзе эълом шуд, ки хабар аз боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири собиқ ва аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон дар Украина ба гӯш расид.
XS
SM
MD
LG