Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узви "Ҳаракати исломии Туркистон" дар Шаҳритус


Ноҳияи Шаҳритус.
Ноҳияи Шаҳритус.

Дар ҷануби Тоҷикистон боз як сокини маҳаллӣ бо ҷурми узвият дар «Ҳаракати исломии Туркистон» боздошт шудааст.

Ба иттилои идораи амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, ахиран Нарзулло Аюбов, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки «мақсади дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии «Ҳизби исломии Туркистон» шомил шуданро доштааст», мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Алайҳи ӯ, тибқи се банди кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ» ва «таъсиси фаъолияти созмони экстремистӣ» парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.

Дар мавриди ҷузъиёти бештари ин парванда, «ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот» иттилоъ дода намешавад.

Боздошти боз як гумонбар дар узвияти «Ҳаракати исломии Туркистон» ҷануби Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳафтае пеш мақомоти ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз боздошти 6 сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми пайравӣ аз «Ҳаракати исломии Узбакистон» дар ду моҳи охир хабар дода буданд.

Соли гузашта ҳамчунин 8 сокини дигари ноҳияи Қубодиён маҳз бо иттиҳомоти мушобеҳ дастгир ва дастикам се нафар аз онҳо ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд.

Ҳукумати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҳам бо таваҷҷуҳ ба нигарониҳое, ки аз гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ дорад, гуруҳи вижае созмон додааст, то дар куллияи рустоҳои ин минтақа «умури фаҳмондадиҳӣ»-ро тақвият бахшад.

Лутфия Ҷӯраева, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, ҳадаф аз таъсиси гуруҳи мазкурро «ҷилавгирӣ аз исломситезию хурофотпарастӣ» номид. Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, идораи амнияти миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомили ин гуруҳ буда, ба ҷавонони рустоӣ паёмадҳои қонунии узвият ё пуштибонӣ аз ҳизбу созмонҳои ифротгароро шарҳ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG