Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Чанд маълумоти ҷолиб дар зодрӯзи Facebook


U.S. -- A view of Facebook's logo
U.S. -- A view of Facebook's logo
Маҳз 4 феврали соли 2004 Марк Эллиот Зуккерберги он замон ҳамагӣ 20-сола ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дар Донишгоҳи маъруфи Ҳарварди Амрико сомонаи thefacebook.com-ро ба кор даровард. Исми сомона зоҳиран баргирифта аз маълумотномаи донишҷӯёни Phililips Exeter Academy аст, ки иттилоъи шахсӣ дар бораи онҳоро дар бар мегирифт. Исми расмии ин махзани маълумот The Photo Address Book буд, вале донишҷӯён онро бо вожаи оддитари Facebook ном мегирифтанд.


Аз 26 сентябри соли 2006 Facebook барои корбарони Интернет боз шуд ва 4 октябри соли 2012 шумори корбарони ин шабака аз марзи 1 миллиард нафар гузашт. Бино ба ҳисобҳо, ҳар моҳ ба Facebook беш аз 2,5 миллиард акс ва 14 миллион навори видеоӣ мегузоранд. Ҳар рӯз то 35 миллион корбари ин шабака статуси худро дар Facebook дигар мекунад, яъне чизи наве аз номи худ нашр мекунад. Ба ҳисоби миёна, ҳар корбари ин шабакаи иҷтимоӣ то 130 дӯст дошта, ҳар моҳ то 8 дархости дӯстӣ медиҳад.

Назарсанҷии анҷомшуда дар 500 коллеҷи бузургтарини Амрико нишон дод, ки 10 дарсади ин мактабҳо ҳангоми қабули асноди довталабон саҳифаи онҳо дар Facebook-ро низ тафтиш мекардаанд, вале бардошти онҳо аз ин мутолиот асосан манфӣ будааст. Дар Австралия ҳоло барои даъвати гумонбар додгоҳ кофист, ки даъватнома дар саҳифаи ӯ дар ин шабакаи иҷтимоӣ гузошта шавад. Яъне пост дар Facebook дар ин кишвар алакай ҳукми қонунро гирифтааст.

Ҷавонтарин миллиардер

Марк Зуккерберг
Марк Зуккерберг
Асосгузори Facebook Марк Зуккерберг ҷавонтарин миллиардер дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Маҷаллаи Forbes дар соли гузашта дороии ӯро 4 миллиард доллар баровард карда буд.

Зимнан, 18 майи соли 2012 Facebook саҳмияҳояшро бо қимати 38 доллар ба бозор даровард ва бо 104 миллиард доллар арзиши умумӣ ба яке аз гаронбаҳотарин ширкатҳои дунё табдил ёфт. Баъди нахустин фурӯши саҳмияҳои Visa дар соли 2008, ки 19,7 миллиард доллар овард, фурӯши аввали саҳмияҳои Facebook бузургтарин вуруд ба бозор дар миёни ширкатҳои фанноварӣ эътироф шудааст.

Ҳаҷми гардиши Facebook дар соли гузашта 37 дарсад афзуда, ба 5 миллиард доллар расид. Ин ширкат дар соли 2012 танҳо аз ҳисоби реклама 4 миллиарду 280 миллион доллар ба даст овард, ки назар ба соли қаблӣ 35 дарсад бештар будааст. Аммо фоидаи софи Facebook дар соли гузашта ҳамагӣ 53 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба 1 миллиард доллари соли 2011 тақрибан 19 маротиба камтар аст.


"Душманӣ"-и Бег Зуҳуров бо Facebook

Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров
Ширкатҳои провайдерӣ дастрасӣ ба Facebook-ро бо тақозои мақомоти Чину Эрон, Покистону Сурия, Бангладеш ва Туркманистон масдуд кардаанд. Дар ин рӯйхати «душманон»-и Facebook исми Тоҷикистон ҳам ҳаст, чунки Хадамоти алоқаи ин кишвар дар соли гузашта ду дафъа – дар моҳи март ва моҳи ноябр – ба масдуд кардани ин шабака иқдом карданд. Раҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар шарҳи иқдоми дувуми идорааш алайҳи Facebook гуфта буд, ки ин тасмим бо талаби як гурӯҳи ихтиёриён аст, ки аз шарҳҳои корбарони ин шабака ба дод омадаанд.

Шумори корбарони Facebook дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир то 45 000 нафар гуфта мешавад. Пуриздиҳомтарин гурӯҳҳо дар сегменти тоҷикии Facebook, ки ба масоили сиёсӣ ҳам таваҷҷӯҳ мекунанд, Платформа, Забони форсӣ, Шоҳбайт, Блогнависони тоҷик, Маҳфили интеллектуалҳои тоҷик, Ҳукумати маҷозӣ ва Медиа.Тҷ аст. Вале бештари корбарон аз имконоти ин шабака барои сӯҳбат бо дӯстони худ истифода мекунанд. Дар ин авохир ширкатҳои тиҷории Тоҷикистон низ ба истифодаи минбари Facebook барои таблиғи маҳсулоти худ шурӯъ кардаанд. Саҳифаи тоҷикии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Facebook алакай 5211 «лайк» гирифтааст. Сомонаи русии мо дар ин шабакаи иҷтимоӣ собиқаи камтар дорад, вале ин саҳифаро ҳам алакай 1448 нафар писандидаанд.
XS
SM
MD
LG