Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нооромиҳо дар Афғонистон шумори зиёде аз афғонҳоро дар дохили кишварашон беҷо намуда ва онҳоро водор намудааст, ки дар манотиқи нисбатан амнтар маскан бигиранд.

Ҷангҳои беш аз як даҳаи ахир на танҳо зиёни ҳангуфти ҷонӣ молӣ аз худ ба ҷой гузошт, балки сабаб шуд то теъдоде аз мардум бинобар идомаи ҷанг, ҷои истиқоматашонро ба минтақаҳои нисбатан ороми Афғонистон тарк кунанд.

Бархе аз хонаводаҳои хаста аз ҷанг, шаҳри Кобулро, ки нисбат ба дигар манотиқи Афғонистон оромтар аст, барои будубош баргузидаанд.

Шумори зиёде аз хонаводаҳои беҷошудаи афғон бо кӯдакону атфоли худ дар ҳолати ниҳоят риққатбор дар зери хаймаҳо ва хонаҳои гилӣ дар ҳавои сарду қаҳратуни зимистон дар Чаҳорроҳии Қамбари шаҳри Кобул ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG