Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хаткашон. 17 сол дар хидмати сарбозону хонаводаи онҳо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Холмурод Юсуфов 17 сол боз номаву акси сарбозонро ба наздиконашон дар минтақаҳои гуногуни кишвар мерасонад.

Санавбар Сатторова, сокини Душанбе, писарашро, ки як сол боз дар яке аз қисмҳои низомии ноҳияи Шӯрообод хизмат мекунад, надида буд. Аммо ғайриинтизори ӯ ва ҳамсараш ахиран марде меҳмонашон шуд, ки онҳоро, воқеан, хушбахт кард. Ин мард аз Шӯрообод чанд акси фарзанди сарбози онҳоро барояшон овард.

Бо дидани чеҳраи фарзанд, ҳарчанд танҳо дар акс ҳам бошад, хурсандии падару модар ҳадду канор надошт. Барои ҳамагӣ 3 акси писари худ ин хонавода аз шодӣ ба марди "хаткашон" ҳудуди сад сомонӣ ҳадя кардаанд. "Воқеан ҳам хушбахт шудем. Албатта, дар ин фасли сармо, ҳарчанд баъзан тариқи телефон тамос мегирему аз ҳоли писарам бохабар мешавем, аммо сураташро хела боз надида будем. Дар акс, мисле ки вақташ хуш аст, бо дӯстонаш акс гирифтааст",-мегӯяд Санавбар.

Холмурод Юсупов, хаткашон ва аккоси сарбозон, ҳамарӯза даҳҳо чунин модарони чашмбароҳи фарзандро бо аксу хабар аз ҷигарбандонашон хушбахту хушҳол месозад. Ӯ ҳудуди 17 сол аст, ки роҳҳои тӯлониро тай карда, минтақа ба минтақа мегардад ва аксу мактуби сарбозонро ба волидони онҳо мерасонад. Ҷаноби Холмурод мегӯяд, солҳои пеш бештар нақши хаткашонро иҷро мекард, чун ягон воситаи алоқа набуд ва сарбозон бештар тавассути нома аз ҳолу аҳволи худ волидонашонро хабар мекарданд, аммо акнун ӯ бештар акси сарбозонро гирифта, ба манзили онҳо мебарад.

Аккоси сарбозон Холмурод мегӯяд, ин хизмати ӯ ягон нархи муайяне надорад, худи волидон бо дидани аксу чеҳраи ҷигарбандонашон хушҳол шуда, меҳнати ӯро аз пеши худ қадр мекунанд: "Аз вилояти Суғд то Бадахшону Ғарм меравам ва акси сарбозонро ба наздиконашон мерасонам. Бо дидани хату чеҳраи фарзандонашон волидон хеле хушҳол мешаванд, аз шодӣ маро ҳам меҳмон мекунанд, шабро ҳам ман дар хонаводаи сарбозон рӯз мекунам. Қадри заҳмати маро, албатта, дарк мекунанд."

Холмурод Юсупов, аккосӣ сарбозон, мегӯяд, аксҳои гирифтаашро ӯ то як моҳ ба хонаводаи сарбозон мерасонад. Ба қавли ӯ, дар ҳама хонаводаҳои сарбозон ӯро бо хушҳолӣ қабул мекунанд. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, дар шароити феълӣ минтақа ба минтақа гаштан кори осон нест, аммо баробари дидани хушбахтии волидони чашмбароҳи фарзанд ӯ тамоми хастагии худро аз хотир бароварда баробари онҳо хушҳол мешавад. Дар муддати 17 сол ин аккос тавонистааст бо аксар қисмҳои ҳарбӣ роҳ ёбад, аммо боз ҳам ҳастанд бархе аз қисмҳои ҳарбие, ки барои ворид шудани ӯ ба назди сарбозон иҷоза намедиҳанд.

Замони сӯҳбат бо мо Холмурод Юсупов дар даст ҳудудан 100 акси сарбозон, аксҳои дар формати калон чопшуда ва чанд номае ҳам дошт, ки онҳоро бояд ба вилояти Суғд ва чанде аз дигар минтақаҳои кишвар ба дасти волидони сарбозон мерасонд. "Як моҳ-якуним моҳ дар роҳ мегузарад. Ҳоло адрес дорам ба ноҳияи Исфара, Конибодом, Турсунзода хулоса бояд ноҳия ба ноҳия ва деҳа ба деҳа гашта ин аксҳоро расонам",-гуфт ӯ.
XS
SM
MD
LG