Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози "хун ба хун" ва изи тоҷикии қатли "Бобои Ҳасан"


Аслам Усоён, мулаққаб ба “Дед Ҳасан” ё “Бобои Ҳасан”

Аслам Усоён, мулаққаб ба “Дед Ҳасан” ё “Бобои Ҳасан”

Шаби 18 ба 19 январ, ҳамагӣ ду рӯз баъд аз қатли Аслам Усоён, мулаққаб ба “Дед Ҳасан” ё “Бобои Ҳасан” дар Маскав, дар Сухумӣ – пойтахти Абхозистон – Астамур Гулияи 31-сола, мулаққаб ба “Астик Сухумский” ҳадафи сӯъиқасд қарор гирифт ва рӯзе баъд дар бемористон даргузашт.

“Бобои Ҳасан”-и 75-сола аз сарони олами ҷиноии Русия маҳсуб мешуд ва баъди кушта шуданаш таҳлилгарони олами ҷиноӣ пешгӯӣ мекарданд, ки ин куштор ҳатман мунҷар ба мавҷи нави қатлҳои “хун ба хун” дар ин олами зеризаминӣ хоҳад шуд. Қатли Астамир Гулия, ки тоза дар таърихи 10 декабри соли 2012, дар як нишаст, ё “сходка”-и “дуздони қонунӣ”-и мухолифи “Бобои Ҳасан” дар Дубай ҳамчун “вор в законе” тоҷгузорӣ шуда буд, як аломати оғози ин мавҷи интиқоми марги Усоён маънидод мешавад.


Инал Хашиг

Инал Хашиг

Инал Хашиг, сардабири нашрияи “Чегемскаяи правда”-и Абхозистон ба Озодӣ гуфт, "ба ҷони Астамир Гулия низ мисли Усоён, ҳангом берун шуданаш аз тарабхонае дар Сухумӣ сӯъиқасд карда, аз дохили як мошини “Мерседес” 4 тираш задаанд. Ҳамлагарон ин мошинро, ки рақамҳои Латвияро дошт, баъдан оташ зада, дар минтақаи атрофи кӯҳи Сухумӣ партофтаанд". Ба ақидаи Хашиг, Гулия дар дохили Абхозистон душмани ҷиддие надошт, ки ба ҷони ӯ қасд кунад ва зоҳиран изи ин сӯъиқасд ба Русия ва ба таҳаввулоти охире, ки дар олами ҷиноии Маскав мегузаранд, мебарад.


"Изи тоҷикӣ" дар сӯъиқасд ба ҷони "Бобои Ҳасан"

“Бобои Ҳасан” ҳам рӯзи 16 январ замоне кушта шуд, ки аз тарабхонаи “Каретний двор” дар маркази пойтахти Русия берун мерафт. Пайвандонаш ибтидо мехостанд, ҷанозаи ӯро дар зодгоҳаш –Гурҷистон – ба хок супоранд, вале мегӯянд, мақомоти Тифлис ин иҷозатро барои дафни ҷанозаи Усоён надоданд ва аз ин рӯ, ӯро рӯзи 20 январ дар оромгоҳи Хованскаяи шаҳри Маскав дафн карданд.

Расонаҳои Русия бо такя ба манобеъи наздик ба тафтиши парванда мегӯянд, “Бобои Ҳасан”-ро ғолибан аз як силоҳи бесадои навъи ВАЛ куштаанд, ки дар замонаш аз амбори таслиҳоти пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дуздӣ шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, гумон меравад, ки қотил ҳам низомии собиқест, ки аз Тоҷикистон омада буд ва билофосила баъди қатли Усоён ба Тоҷикистон баргаштааст. Ба ин далел, бино ба хабарҳо, мақомоти тафтишотии Русия рӯйхати афродеро тафтиш мекунанд, ки дар соатҳои аввали баъди анҷоми сӯъиқасд ба ҷони ин султони “олами ҷиноӣ” аз Маскав ба Тоҷикистон парвоз кардаанд.

Ҷанг барои Сочӣ ва ҳероин


Марк Галеоттӣ

Марк Галеоттӣ

Марк Галлеотӣ – профессори донишгоҳи Ню-Йорк, ки як риштаи тахассусаш таҳқиқи “олами ҷиноӣ” ва мафия дар Русия аст, билофосила баъди қатли “Бобои Ҳасан” гуфта буд, ки гурӯҳҳои ҷиноии марбут ба ин “дузди қонунӣ” ҳатман дар пайи интиқом хоҳанд шуд. Ба ақидаи ин таҳлилгар, ҳадаф аз қатли Усоён талоши гурӯҳҳои рақиб барои густариши доираи нуфуз, аз ҷумла дар тарҳҳои марбут ба Бозиҳои олимпии соли 2014 дар Сочӣ ва ҳам “барои назорати қочоқи ҳероини афғонист, ки дар ин авохир ба таври фазоянда ба бозори сиёҳи Русия сарозер мешавад.” Профессор Галеоттӣ талоши гурӯҳҳои ҷиноӣ барои касби саҳми бештар дар фурӯши ҳероини афғониро як фарзияи асосии қатли “Бобои Ҳасан” медонад.

Аслам Усоён аз курдҳои пайрави мазҳаби язидист, ки соли 1937 дар Гурҷистон ба дунё омада, аз овони ҷавониаш ба “олами ҷиноӣ” пайваст ва то замони қатлаш ба яке аз сарони пурнуфузи мафия дар Русия табдил ёфт. Бовар меравад, ки ӯ як шабакаи хеле бузург ва муқтадири ҷиноиро раҳбарӣ мекард, ки аз Маскав то вилояти Краснодару боқӣ манотиқи Қафқози шимолӣ доман густурда, тиҷоратҳои пурфоидае, чун казинову қимор, қочоқу фурӯши маводи мухаддир ва як бахши аъзами сохтмони иншооти олимпӣ дар Сочиро назорат мекард.

Рақобати Усоёни "славян" бо "гурҷиҳо"


Вячеслав Иванков, мулаққаб ба “Япончик”

Вячеслав Иванков, мулаққаб ба “Япончик”

Вячеслав Иванков, мулаққаб ба “Япончик”, яке дигар аз раҳбарони пурнуфузи “олами ҷиноӣ”-и Русия, ки дар соли 2009 низ дар натиҷаи як сӯъиқасд дар Маскав кушта шуд, аз ёрони наздики “Бобои Ҳасан” ба шумор мерафт ва баъди марги ӯ раҳбарии ҷиноҳи "славянӣ"-и "олами ҷиноӣ"-и Русия ба Усоён расид.

Худи “Бобои Ҳасан” низ дар зиндагиаш аз чандин сӯъиқасд, ки охиринаш соли 2010 сурат гирифт, ҷони солим ба дар оварда буд. Вале дар таърихи 16 январи соли равон мурғи иқбол шояд барои бори аввал дар тӯли 75 соли умраш ба Аслам Усоён “хиёнат” кард ва риштаи ҷони ӯ дар кӯчаи Поварскаяи Маскав канда шуд.

Таҳлилгарон имкони боз ҳам идома ёфтани гирифтани қасоси марги Усоёнро истисно намекунанд. Чун дар мавриди “Япончик” ин бор ҳам ангушти иттиҳом бештар ба сӯи шабакаи ҷиноии таҳти раҳбарии Тариэл Ониани, мулаққаб ба “Таро” ва раҳбари қаноти “гурҷӣ”-и “олами ҷиноӣ”-и Русия, баланд шудааст. “Таро” соле пеш бо ҷурми одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, вале ба бовари таҳлилгарони “олами ҷиноӣ”, аз дохили зиндон ҳам идораи тору пуди як шабакаи бузурги ҷиноиро дар даст дорад.

Астамур Гулия, ки дар Сухумӣ кушта шуд, аз нафарони марбут ба шабакаи ҷиноии “Таро” шинохта мешуд. Зимнан, як масъалаи асосӣ дар ҳамон “сходка”-и моҳи декабр дар Дубай, ки Гулия дар он ҳамчун “дузди қонунӣ” тоҷгузорӣ шуд, иншооти олимпии Сочӣ будааст. Марк Галеоттӣ, муҳаққиқи “олами ҷиноӣ”-и Русия ва профессори донишгоҳи Ню-Йорк гуфтааст, “ҷанги гурӯҳҳои ҷиноӣ барои Сочӣ баъди марги Усоён низ идома хоҳад кард.”
XS
SM
MD
LG