Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Беларус


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Беларус оид ба дзюдо, ки 17-уми январ дар шаҳри Минск шуруъ шуд, ширкат доранд.

Ба иттилои Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа панҷ гуштигири тоҷик низ ширкат меварзанд, ки миёни онҳо паҳлавонони ҷавону моҳир, монанди Хушбахт Қурбонмамадов ва Шӯҳратҷон Фахризода ҳастанд.

Ҷаноби Лоиқов, инчунин, хабар дод, ки аз 5-ум то 7-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин мусобиқаи кушода барои Ҷоми ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи дзюдо дар вазни мутақ баргузор мешавад.

Барои ғолибони ин мусобиқа ҷоизапулӣ таъсис дода шудааст: барои ҷойи аввал - 5000 доллар, барои ҷойи дувум - 2000 доллар ва барои ду ҷойи севум - ҳар кадом ба маблағи 1500-долларӣ. Дар ин мусобиқа варзишгарони синнашон аз 18-сола боло дар вазни беш аз 81 кг ширкат хоҳанд кард.

Дзюдочиёни наврас бошанд, дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми “Вастан”, ки рӯзҳои 9-10-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Ин мусобиқа низ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон барпо мегардад.

Дар ин мусобиқа наврасони соли таваллудашон 1996-1998 аз рӯи 9 дараҷаи вазнҳо (46, 50, 55, 60, 66, 73, 81, 90, +90 кг) рақобат мекунанд.

Барои ширкат дар мусобиқа барои дарёфти ҷоизаҳои бошгоҳи варзишии “Вастан” ба ғайр аз варзишгарони манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ҳамчунин, гуштигирони навраси Арманистон, Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Туркманистон, Узбакистон, Украина, Чин, Ҷопон ва Эрон даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG