Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), ки шаби 17-уми январ бо ҳавопаймо ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия расид, дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ширкат хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), ки шаби 17-уми январ бо ҳавопаймо ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия расид, дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ширкат хоҳад кард.

Бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013 аз 18-ум то 27-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» дар се гурӯҳ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Иттиҳод аз соли 1992-юм то соли 2011-ум беҳтарин бошгоҳҳои футболи кишварҳои собиқи шӯравӣ иштирок мекарданд. Аз соли 2012-ум бошад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик (футболбозони соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) ширкат меварзанд.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи А бо тимҳои Беларус, Латвия ва Эстония рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи В дастаҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон, ба гурӯҳи С тимҳои Украина, Литва, Молдова ва Туркманистон дохиланд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо мегардад.

Ба иттилои Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҳайати даста 21 бозигар аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии ҷумҳурӣ (3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар) дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2013:
дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Саидҷон Саидраҳмонов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду - «Истиқлол»);
ҳимоятгарон: Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду – «Энергетик»);
нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»);
ҳамлагарон: Наврӯз Рустамов («Равшан»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду – «Энергетик»).

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро рӯзи 18-уми январ муқобили тими Эстония (оғози бозӣ соати 16.15 ба вақти Душанбе), бозии дувумашро 19-уми январ бо дастаи Латвия (20.00) ва бозии севумашро 21-уми январ бо тими Беларус (13.00) анҷом медиҳад.

“Вазифаи мо дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ҳадди ақал аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромадан аст. Фикр мекунам, ки ин вазифа барои мо иҷрошаванда мебошад. Мо ба бачаҳои худ бовар дорем,” - иброз дошт ба “Озодӣ” Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Ҷоми Иттиҳод-2013:

Гурӯҳи А: Беларус, Латвия, Эстония, Тоҷикистон.
Гурӯҳи В: Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон.
Гурӯҳи С: Украина, Литва, Молдова, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 13:00. Гурӯҳи A. Беларус – Латвия
2) 15:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон
3) 17:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон
19:30. Маросими ифтитоҳи мусобиқа
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Беларус
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Беларус – Тоҷикистон
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия - Қазоқистон

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал.
20) 14:15. 1/4 финал.
21) 16:30. 1/4 финал.
22) 19:00. 1/4 финал.
24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
27) 16:30. Нимфинал.
28) 19:00. Нимфинал.

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум.
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум.

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум.
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум.
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум.
34) 19:00. Финал.
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2012 дар гурӯҳи С бо як имтиёз дар ҷойи охирин (чаҳорум) қарор гирифта буд. Мунтахаби Эрон бо 7 имтиёз ғолиби гурӯҳ ва тими Литва бо 4 имтиёз дувум шуданд. Натоиҷи бозиҳои футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи С: Тоҷикистон – Литва – 0:0, Беларус – Тоҷикистон – 2:0, Эрон – Тоҷикистон – 5:0.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойҳои 9-12-ум се бозӣ анҷом дод: Тоҷикистон – Эстония – 1:1, Қирғизистон – Тоҷикистон – 3:1, Туркманистон – Тоҷикистон – 1:1. Ба ин тартиб дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо 2 имтиёз мақоми севумро касб кард, вале дар ҷамъбасти умумӣ дар байни 12 даста пеш аз тими Туркманистон, дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.

Мусобиқаи порсола бо пирӯзии дастаи мунтахаби ҷавонони Русия хотима ёфта буд. Футболбозони ҷавони Русия дар бозии ниҳоӣ бар тими Беларус бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Мунтахаби Украина, ки бар дастаи Латвия бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, мақоми севумро касб намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG