Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони кишвар мегӯянд, роҳандозӣ шудани тиҷорати онлайнӣ дар Тоҷикистон, кори онҳоро осон ва барои сарфаи вақташон низ мусоидат мекунад.

Фарангис, як муштарии доимии ширкатҳои онлайнӣ роҳандозӣ шудани ин намуди тиҷоратро аз як сӯ сарфаи вақт ва аз сӯи дигар дар интихоби молҳои ба завқаш писанд, мувофиқ унвон кард. Вай гуфт, дар ду соли oхир ҳамеша тавассути фармоиши либосҳои зимистона, аз чунин мағозаҳо либос харидорӣ мекунад. Вай афзуд, дар саҳифаи иҷтимоии «Odnoklassniki.ru» ва «Facebook.com» аз фаъолияти тиҷорати онлайнӣ хабардор шуда, ҳамчун харидор тавассути интернет либосҳои пешниҳодкардаи ширкатҳоро интихоб мекунад ва бо пешпардохти 50 дарсадӣ, нарх моли хостаашро фармоиш медиҳад.

«Ман фикр мекунам ин молҳое, ки ман тавассути интернет фармоиш медиҳам ҳатман тавассути ягон ширкат ба Тоҷикистон ворид мешавад. Вале ин роҳи харидорӣ кардани мол барои ман қулай аст. Ҳамчун харидор вақти худро зиёд сарф намекунам ва на танҳо ба ман, шояд дигарҳо низ аз ин намуди тиҷорат истиқбол кунанд. Вале як чизро гуфта метавонам, ки шояд тиҷорати онлайнӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба кишвари мо ворид мешавад ба фаъолият ва даромади соҳибкорони дохилӣ низ ягон таъсири манфӣ дошта бошад.»

Аммо Санавбар, як мусоҳиби дигари мо мегӯяд, ба чунин тиҷорат чандон бовар надорад. Ба ақидаи ин ҳамсуҳбати мо, чунин фаъолияте, ки ягон қонунгузорӣ онро муайян накардаву фаъолияти онҳо ҷое сабти ном намешаванд, эҳтимол меравад, барои фиреби мардум рӯи кор омадаанд. Хонуми Санавбар афзуд: «Барои дастрасӣ ба молҳои дилхоҳ, бояд ширкатҳои ватанӣ низ ба ин кор машғул шаванд. Зеро аз ин ҳисоб ҳам буҷаи кишвар даромад мебинад ва ҳам ширкатҳо ба бовари муштариён кафолат медиҳанд.»

Дар ҳамин ҳол Рустам Маҷидов, яке аз корбарони фаъоли интернет мегӯяд, ширкатҳои дохилӣ дастрасии бевосита ба истеҳсолкунандагони хориҷиро надоранд ва агар чунин фаъолиятро ба роҳ монанд, маҷбуранд аз ягон ширкати дигари "миёнарав" истифода кунанд. Аз ин ҳисоб ба гуфтаи Маҷидов ба роҳ мондани тиҷорати онлайнӣ аз ҷониби ширкатҳои дохилӣ дар Тоҷикистон, гарон меафтад.

Ба гуфтаи ӯ, хариду фуруши интернетӣ бештар миёни корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои ғайритахассусӣ амалӣ мешавад: «Ҳарчанд аз тиҷорати онлайнии ширкатҳои хориҷӣ ба буҷаи кишвари мо даромади чамшрасе мушоҳида намешавад, вале аз сӯи дигар агар харидор бо маблағи арзонтар молро харидорӣ кунад, пас ин ҳам ба вазъи иқтисодии сокинон таъсири мусбат мерасонад.»

Масъулони ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон ба тиҷорати онлайнӣ машғуланд, иброз медоранд, ки то ҳанӯз ягон сервери хоси тиҷоратӣ вуҷуд надорад. Гузашта аз ин, ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон хариду фуруши онлайниро ягон қонун ба танзим намеорад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ як масъули мағозаи интернетии «Moda Milano», ки ба фурӯши молҳои воридшаванда аз хориҷ машғул аст, иброз дошт ки феълан Тоҷикистон аз тиҷорати интернетӣ ягон даромаде намебинад, зеро ҳеҷ яке аз ширкатҳои тиҷорати онлайнӣ дар ин мақомот сабти ном нашудаанд.

«Бубинед, харидор тавассути сомонаи мағоза моли дилхоҳашро фармоиш медиҳад ва мо фурӯшандаҳои мағоза бо харидор дар тамос мешаванд ва пас аз мувофиқа, фармоиши харидорро ба ҷой меоранд, яъне ба хонааш бурда медиҳанд, пас дар ин маврид сабукиву вазнинӣ танҳо дар байни фурӯшандаву харидор мемонад, на каси дигар.»

Дар бисёре аз кишварҳои пешрафта тиҷорати интернетӣ аз ҳама гуна андозу молиёт озод аст. Зоҳиран дар ин бобат Тоҷикистон низ аз онҳо камӣ надорад, ҷуз он ки то ҳол ҳеҷ гуна қонунгузории танзими ин ришта мавҷуд нест ва агар шаҳрвандон аз он осеби зиёди молӣ бинанд, ҳифзи манфиати онҳо ё муайян кардани гунаҳкорону бегуноҳон дар ин тиҷорат номумкин хоҳад буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG