Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмади нахустин тағйиротҳои кадрӣ дар Ҳукумат, интизорот аз ҷаласаи солонаи давлат, қатъи интиқоли гази Узбакистон ва омилҳои ақибмондагии тоҷикон дар меҳвари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.

Ҳафтаномаи «Наҷот» бо таваҷҷӯҳ ба нахустин тағйироти кадрии ахир дар ҳукумат, назари коршиносу таҳлилгаронро пурсидааст, ки «Оё Эмомлаӣ Раҳмон қабл аз интихоботи президентӣ ба таҳаввулоти ҷиддӣ даст мезанад?» Маҳмадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, гуфтааст, тағйироти кадрии ахир дар ҳукумат, барои пешрафти ҷомеа таҳаввулот ва ё дигаргуниеро ба бор намеорад: "Чун зимни ин тағйиротҳо асосан маҳал, гурӯҳ ва аз ҳама муҳим садоқати шахсӣ нисбат ба нафари аввал ба назар гирифта мешавад.» Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов, бар ин бовар аст, ки «тағйирот дар он ҳолате мешавад, ки кадрҳои нав бо диду андешаи нав масъулиятеро ба дӯш мегиранд.»

Нашрияи «Озодагон» бо овардани назари коршиносон навиштааст, ки интизорот аз ҷаласаи васеи ҳукумат, ки қарор аст, дар миёнаҳои моҳи ҷорӣ баргузор шавад, мухталиф аст. Агар Шокирҷон Ҳакимов бо назардошти таҷрибаи давлатдорӣ ягон дигаргунии ҷиддиеро интизор набошад, Парвиз Муллоҷонов, мегӯяд, «дар баъзе вазоратҳо, ки сардорҳояшон 5 сол сари вазифаанд, вазирон дигар мешаванд». Ҷӯра Юсуфӣ, низ бовар дорад, ки «тағйирот идома меёбад». Аммо ин коршинос мегӯяд, «ин тағйиротҳо на ба сурати ҷиддӣ ва калидиянд». Зеро ба таъкиди вай «соли 2013 ба хотири интихобот барои ҳукумату президент бисёр муҳим аст ва раиси ҷумҳур кӯшиш мекунад, ки ҳайати ҳукумати имрӯзро, ки куллан ҷонибдори ӯ ҳастанд, дар атрофаш нигоҳ дорад.»

Ҳафтаномаи «СССР» менависад, ки дар арафаи ҷаласаи "барои бархе тақдирсоз (ки мансаб мегиранд) ва тақдирсӯз барои дигарон (ки аз мансаб мепаранд), байни мансабдорҳо латифае роиҷ шудааст, ки ба суоли «Чи хелӣ?» посух медиҳанд: - Гаштем аз Ахбор то Ахбор Худо гуфта...

Нашрияи «Фараж» дастури дастгоҳи иҷроияи президент дар мавриди барканории афроди синни нафақа дар ниҳодҳои давлатиро ба баррасӣ гирифта то ҷое аз ин иқдом, истиқбол кардааст. Аммо нашрия суол гузоштааст, ки «оё вазирони «нафақахӯр» ҳам аз вазифа барканор мешаванд?». Профессор Иброҳим Усмонов, гуфтааст, ки «вазирон тобеи фармони президенти Тоҷикистон ҳастанд, на раҳбари дастгоҳ». Барои ҳамин профессор гуфтааст, ки «фикр мекунам, ки ин дастур ба вазирон дахл надорад.» Сиёсатшинос Иззат Амон низ дар тақвияти фикри Иброҳим Усмонов гуфтааст, «гумон намекунам, ки ин қарори ҳукумат ба вузаро дахл дошта бошад. Зеро 90 дар сади вузарои Тоҷикистон аз синни 60 болоянд. Агар инҳо аз ҳукумат раванд, пас кӣ ва бо чӣ шароите ҷойгузини онҳо мешавад, номаълум аст.»


Ҳафтаномаи русизабони «Азия плюс» дар матлаби «Газовая атака -2», қатъи интиқоли газ аз сӯи Тошканд ба Тоҷикистонро ба чолиш кашидааст. Нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки «ҳамакнун, ки Тошканд вуруди газ ба Тоҷикистонро манъ кардааст, минбаъд чӣ хоҳад шуд?». Шодӣ Шабдолов, вакили порлумон мегӯяд, «дар ин масъала дигар набояд, Узбакистонро айбдор донист, балки гиребони худро бӯй кард». Зеро ба таъкиди Шабдолов, ҳукуматро лозим буд, ба ҷойи масраф кардани садҳо миллион барои сохтмони иншоотҳои ба истилоҳ «муҳим», ки истеҳсолот надоранд, иктишоф ва истихроҷи гази худиро кайҳо боз анҷом медод.


«Тоҷикистон» қатъи интиқоли газ аз сӯи Ӯзбакистон ба Тоҷикистонро фишори навбатии ҳамсоякишвар унвон кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия ин барои бори аввал нест, ки Ӯзбакистон нисбати ҳамсояи худ, Тоҷикистон чунин амалеро раво мебинад». Аммо нашрия мӯътақид аст, ки «Ӯзбакистон бо ин ҳама кӯшиши 20 солаи худ барои эҷод кардани монеа натавонист ба мақсадҳои нопоки худ ноил гардад.

Нашрияи «Миллат» ҷӯёи посух ба суоли «Чаро ақиб мондаем?» шудааст. Дар посух ба ин суол Дагихудо Дагиев, пажӯҳишгари тоҷики муқими Лондон, аз як сӯ иллати ақибмонадгии тоҷиконро дар монеасозиҳои Узбакистон гуфта, аз тарафи дигар ноуҳдабароии масъулони ниҳодҳои давлатиро маҳаки ин амр унвон мекунад. Ба таъкиди ин пажӯҳишгар мудирияти нодуруст, маҳалгароӣ ва дур будани ҳукумати кунунии кишвар аз проблемаҳои иқтисодии ҷаҳони ҷадид, ба хусус вазирон, ки хеле нафарони ноӯҳдабароянду донишу малакаи кофӣ барои иҷрои вазифа надоранд аз омилҳои ақиб мондани Тоҷикистон аст. Ин аст, ки ин пажӯҳишгар ислоҳоти сохториро роҳи раҳоӣ аз ин бунбаст медонад ва мегӯяд, бояд як қисми вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои раисиҷумҳур ба сарвазири кишвар ҳавола шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG