Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 490 тан аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар 4 моҳ


Давоми чаҳор моҳи охир аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон зиёда аз 490 донишҷӯ ихроҷ карда шудаанд.

Ин нуқта дар нишасти матбуотии рӯзи 7-уми январи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дод. Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар ин нишаст, ба хабарнигорон гуфт: «Мо бо майдатарин гуноҳ хориҷ мекунем. Барои хондан, барои таҳсил мебахшем. Чунки як кас бо савод асту яке донишаш сусту якеаш заиф. Лекин шахсе, ки низому интизоми донишгоҳро вайрон мекунад, ягонеро намебахшем. Ман аз якуми сентябр то сиюми декабри ҳамин сол, 495 нафар донишҷӯро бо вайрон кардани интизом, асосан бо сабабҳои дарсшиканӣ ихроҷ кардам. Инро бахшидан мумкин нест.»

Дар оинномаи донишгоҳ ва қоидаҳои таҳсил интизоми донишҷӯён ба таври хос таъкид шудаанд ва дар мактабҳои олии Тоҷикистон ба иштироки донишҷӯён дар дарсҳо диққати бештар дода мешавад, то ба донишу омӯзиши онҳо.

Феълан дар ДМТ ду системаи таълим, анъанавӣ ва кредитӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил мекунанд. Абусалом Миралиев, муовини ректори ДМТ оид ба таълим ба «Озодӣ» гуфт, ки дар ихроҷу барқароркунӣ новобаста аз системаи таълиму шакли таҳсил, муносибат яксон аст. Фақат ба донишҷӯёни тибқи низоми кредитӣ таҳсилкунанда дар сурати нагузаштан аз рейтингу имтиҳонот маблағи муайян ба ҳисоби донишгоҳ мегузаронанд ва аз ин ҳисоб устод бояд шогирдро барои даври навбатӣ тайёр намояд.

Ӯ сабабҳои ихроҷи донишҷӯёнро чунин шарҳ дод: «Барои қарздории академӣ, давомоти нокифоя, 18 соат барои донишҷӯи низоми анъанавӣ ва 48 соат барои донишҷӯи кредитӣ, ба таълим шуруъ накардани донишҷӯ, аз рухсатии академии барнагаштан, сари вақт напардохтани маблағи таҳсил, дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда санҷишу имтиҳонҳо, содир кардани ҷиноят, барои вайрон кардани раванди таълиму тарбия, тарбиботи дохилӣ ва оинномаи донишгоҳ ва ғайра хориҷ мешаванд. »

Донишҷӯёни ихроҷшуда ҳақ доранд, аз болои қарори донишгоҳ ба Вазорати маорифи Тоҷикистон шикоят баранд ва бознигарии ин қарорро талаб кунанд.
Дар ҳоле, ки маъмурияти донишгоҳ тасмими ихроҷи донишҷӯёнро як роҳи ҷазои бемаъулиятии онҳо медонад, бархе аз донишҷӯён худро қурбонии ғаразҳои шахсии омӯзгорон ва озодфикрию озодбаёнии худ мешуморанд.

Комрон Султонӣ, муҳассили факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ, дар бораи шеваи ихроҷи донишомӯзон мегӯяд: «Маъмултарин тарзи ихроҷ кардани донишҷӯён, ин аз рӯйи «Нб» хориҷ шудан аст, ки на ҳама вақт ин чиз боадолатона сурат мегирад. Бояд гуфт, ки он донишҷӯёне, ки шиносҳояшон ё хешу таборашон ба қавле дар донишгоҳ кор мекунад, аз ҳама масъулият гӯё озоданд. Ба қавле «тағо»-и онҳо кафолати ихроҷ нашуданашон мебошанд. Ва аксаран бо пул ҳам масъаларо ҳал мекунанд. Боз ҳамон писарони камбағал ё «бекрыша» ихроҷ мешаванд.»

Донишҷӯи дигаре, ки худро Вилоятшо муаррифӣ кард, мегӯяд, сабаби ихроҷ шуданаш напардохтани маблағи шартнома аст ва мехоҳад ба муҳоҷират рафта, барои таҳсили ояндааш маблағ ҷамъ биоварад: «Ба дарсҳо мерафтам, талаботҳои донишгоҳро низ хуб иҷро мекардам. Вале аз сабабе, ки пули шартномаро дар вақти муайян шуда пардохт накардам, маро ба имтиҳон роҳ надоданд.»

Донишҷӯи дигаре, ки низ ихроҷ шудааст, дар сӯҳбат иброз дошт, ки маҳз бо "чапгирӣ"-и декани факулта аз давоми таҳсил маҳрум шудааст: «Се давр ман аз имтиҳон баҳои ғайрқаноатбахш гирифтам. Даври чорум бо комиссия гузашт, ки декан муқобили ман амал карда, маро қасдан хориҷ намуд. Ҳоло он, ки имконияти гузашт намудан дошт.»

Донишҷӯён изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ихроҷи ҳамдарсҳояшон ба беҳбуди фазои таҳсил таъсири мусбат намегузорад. Аммо маъмурияти донишгоҳ таъкид мекунад, ки муҷозоти донишҷӯёни бемасъулият чораест, ки донишҷӯёни дигарро ба интизоми хубтар ҳидоят менамояд.
XS
SM
MD
LG