Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли бору коло аз Туркия ба Тоҷикистон тариқи почта мушкил шудааст


Сокинони кишвар мегӯянд, ки интиқоли бору коло тариқи почта аз Туркия ба Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Валиҷон Алиҷонов, собиқ наворбардори телевизиони "К+" рӯзи сешанбе ба "Озодӣ" муроҷиат карда гуфт, ки тайи се моҳ мешавад, интиқоли бору коло аз Туркия ба Тоҷикистон тариқи почта мушкил шудааст.

Вай мегӯяд, беш аз ду ҳафта мешавад, ки аз Туркия як камераи наворбардорӣ, диск ва чанд чизи дигараш, маҷмуан бо маблағи 2,5 ҳазор долларро аз тариқи почта наметавонад дастрас кунад.

Ба қавли Валиҷон Алиҷонов, мисли вай ҳоло ҳудуди 200 сокини шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ин мушкил рӯбарӯ ҳастанд ва мунтазири колову чизҳои дигаре мебошанд, ки аз тарафи наздиконашон дар Туркия харидорӣ шудааст, аммо наметавонад аз роҳи Почта онро дастрас намоянд.

Аммо як намояндаи Почтаи Тоҷикистон, ки худро Саид Амиров муаррафӣ кард, гуфт, ки вобаста ба ин масъала ҳар рӯз то 20 ва 30 нафар сокинони шаҳр муроҷиат мекунанд ва ё бо телефон моли худро суроғ мекунанд, вале ҳалли ин масъала ба Почтаи Тоҷикистон рабт надорад.

Ҳамсуҳбати мо меафзояд, пас аз он, ки чанд нафар аз сокинони мунтазири колоҳои нави худ буданд, масъулони Почтаи Тоҷикистон ба почтаҳои масъули Туркия дар тамос шуданд ва онҳо ваъда доданд, ки то 31-уми декабр ҳамаи бору колоро мефиристанд, аммо ҳоло як ҳафта мегузарад, вале ҳеҷ иттилое нест ва борҳо низ фиристода нашуданд.

Валиҷон Алиҷонов мегӯяд, ки се моҳ мешавад вазъ ба ҳамин шакл идома дорад ва рӯз ба рӯз сафи корафтодаҳо бештар шуда истодааст.
XS
SM
MD
LG