Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон, хабари бозгардондани китобҳои дарсии тоҷикиро аз Қирғизистон рад кардааст.

Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон гуфтааст, то имрӯз ягон китоби дарсии тоҷикӣ, ки барои тоҷикони Қирғизистон равона шудааст, барнагаштааст. Ба гуфтаи Раҳимов Қирғизистон танҳо тақозо кардааст, ки минбаъд дар китобҳои дарсии тоҷикӣ ба ҷои акс ва нишону рамзҳои Тоҷикистон, муқаддасотии миллии Қирқизистон инъикос ёбад.

Таҳия ва ирсоли ин китобҳои дарсӣ, ки беш аз даҳ ҳазор гуфта мешавад, тибқи қарордод миёни вазорати маорифи Тоҷикистон бо Қирғизистону Қазоқистон ва Русия сурат гирифта, барои хонандагони мактабҳои тоҷикии кишварҳо мазкур пешбинӣ шудааст. Фарҳод Раҳимов, дар нишасти хабарии рӯзи душанбе 7-уми январ гуфт, онҳо дар оянда китобҳои таълимиро мувофиқи талаби қавонони ин кишварҳо омода хоҳанд кард.

Вай гуфт, «ҳоло замона чунин аст, ки ҳар як кишвар бояд идеологияи давлатии худро ба хонанда бидиҳад. Муқаддасоти миллӣ, нишон ва парчам инҳо шаҳрвандонро дар рӯҳияи миллӣ ва дар роҳи садоқат ба ҳамон кишвар тарбият мекунад. Мо дар ин масъала ҳам бо Қирғизистон ва ҳам бо Қазоқистон ҳамкорӣ дорем ва ба хулосае омадем, ки нишонаҳои давлатдории моро бо нишонаҳои худ иваз мекунанд.»

Аммо ба таъкиди Фарҳод Раҳимов, мазмун ва мӯҳтавои барномаи таълимӣ ба вижа дар китобҳои «Таърихи халқи тоҷик» ва «Адабиёти тоҷик», миллӣ боқӣ хоҳад монд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар Қирғизистон ҳамагӣ се мактаби пурра тоҷикӣ мавҷуд аст ва дар 5 мактаби дигар синфҳои тоҷикӣ амал мекунад. Вале дар Тоҷикистон 64 мактаби қирғизӣ вуҷуд дорад, ки аз ҷумла 37-тои он пурра ба забони қирғизӣ буда, дар боқимонда синфҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ вуҷуд доранд. Гузашта аз ин, тайи чанд соли ахир саҳмия ё квота барои таҳсили шаҳрвандони тоҷиктабори Қирғизистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон аз эҳтимоли бунёди мактабҳои тоҷикӣ дар Русия хабар дод. Ба гуфтаи вай «дар ин замина бо Русия аллакай тавофуқ ҳосил шудааст ва интизор меравад, ки дар чанд соли наздик теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои ин кишвар афзоиш ёбад.»

Тасмими бунёди мактабҳои тоҷикӣ дар Русия дар ҳолест, ки феълан ба ин кишвар беш аз як миллион сокини Тоҷикистон дар муҳоҷират ба сар мебаранд ва бахши бузурги онҳо, шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG