Пайвандҳои дастрасӣ

WHO мегӯяд, никоҳи барвақтӣ нақзи ҳуқуқи инсон аст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, издивоҷи бармаҳалро ҳамчун "нақзи ҳуқуқи инсон" эътироф кунанд.

Бар асоси таҳқиқоти нави Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки рӯзи 27-уми декабр нашр шуд, издивоҷҳои бармаҳал аз ҳама бештар дар Тоҷикистон, Молдова, Гурҷистон ва Туркия мушоҳида шудааст. Ин созмон таъкид мекунад, ки дар синни хурдсолӣ ба шавҳар баромадани духтарон, пеш аз ҳама, ба саломатии бадан ва равони онҳо паёмади манфии давомдор хоҳад дошт.

"Онҳо аз даврони кӯдакӣ маҳрум мешаванд ва имкони дарёфти маълумот ва таҳсилро аз даст медиҳанд. Пас аз издивоҷ дар муҳити хонаводаи дигар духтарон ба хушунати равонӣ ва ҷисмӣ рӯбарӯ хоҳанд омад",-таъкид шудааст дар таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, яке аз сабабҳои маргумири духтарони аз 15 то 19-сола низ ҳомиладории бармаҳал будааст. Аз ин рӯ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз афзоиши мизони издивоҷҳои бармаҳал дар ҷаҳон изҳори нигаронии амиқ карда, дар идома арӯсони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказиро "осебпазир" хондааст.

Созмони ҷаҳони беҳдошт ҳамроҳ бо Бунёди Созмони Милал оид ба масъалаи нуфус аз кишварҳои минтақа даъват кардааст, ки аз никоҳҳои бармаҳал ҷилавгирӣ намоянд. Дар даъвати онҳо гуфта мешавад, кишварҳо бояд издивоҷи бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи инсон эътироф кунанд.

Дар соли 2010 дар Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз никоҳҳои бармаҳал ва азҳампошии хонаводаҳо бо дастури раисиҷумҳур синни никоҳи духтарон як сол -- аз 17 ба 18 боло бурда шуд. Вале бо ин вуҷуд, бархе аз хонаводаҳо барои издивоҷи бармаҳали духтар ва ё писари худ шароит фароҳам мекунанд. Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ба таҳсили духтарон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва баръакс талош мекунанд, ки духтари худро ҳарчӣ зудтар "бообрӯ" ба хонаи ҳамсараш гусел кунанд.
XS
SM
MD
LG