Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран нашрияи “Восток”-и Берлин китоберо бо номи “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ ба нашр расонд.

Ин китоб дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин муаррифӣ шуд ва дар ин маросим донишмандони олмонӣ, аз ҷумла шарқшиносони ин кишвар ширкат доштанд.

"Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба ҷаҳониён муаррифӣ шуд"

Доктор Ҷейлони Доварӣ-шарқшиноси афғонтабори олмонӣ ва устоди донишгоҳи Ҳайделберги Берлин аз ҷумлаи онҳо буд. Дар як гуфтугӯ аз оқои Доварӣ пурсидам, ин китоб чӣ матолиберо дар бар мегирад?

Ҷейлони Доварӣ: Ин китоб, ки феълан дар Аврупо ба нашр расидааст, аз 24 бахш иборат аст ва он аз қадимтарин ҳунаре, ки тоҷикон доранд, то ба имрӯзро дар бар мегирад. Дар он тамоми осори ҳунарӣ, масалан, осори филизӣ, осори сангӣ, осор аз чӯб, аз матоъ, наққошиҳои минётурӣ, ҷавоҳирот, аз алибастер ва осори ҳунарии зебои шишаӣ гирд оварда шудааст. Намунаҳои меъморӣ аз чӯб, либосҳои миллӣ, тарзи дӯхтани онҳо, гулдӯзӣ, ороиши ҳунарии он, асбобҳои мусиқӣ аз оғоз то имрӯз ба хонандагон муаррифӣ шудааст.

Озодӣ: Ба назари шумо, ба унвони як донишманде, ки дар Аврупо фаъолият мекунед, ин китоб барои муаррифии тоҷикон ва таърихи тоҷикон дар Аврупо чӣ ҷойгоҳе метавонад дошта бошад?

Ҷейлони Доварӣ: Чун дар ин китоб тамоми хронологии сайри таърихии ҳунари Тоҷикистон мадди назар гирифта шудааст, пас ин китоб метавонад як китоби стандарти илмиии хеле хубе бошад, яъне китоби дарсие, ки тамоми донишҷӯён ва алоқамандон дар Аврупо метавонанд ба забони худашон, яъне ба забони олмонӣ ва фаронсавӣ мутолиа кунанд ва аз таърих, ҳунар ва фарҳанги тоҷикон огаҳӣ пайдо намоянд. Ҳар касе, ки ин китобро дошта бошад, ман яқин дорам, ки агар пажуҳишгари ҷаҳони Шарқ бошад, онро китоби рӯи мизии худ хоҳад кард.

Озодӣ: Ин китоб барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст ё он гуна, ки шумо гуфтед, фақат барои доираҳои донишгоҳӣ, яъне барои донишмандон ва донишҷӯён?

Ҷейлони Доварӣ: То ҷое, ки ман ин китобро мутолиа кардам, фикр мекунам, ки ҳар ду ҷанба мадди назар гирифта шудааст. Ҷанбаҳои илмӣ низ он ҷо ҳаст ва ҳамчунин китоб тавре навишта шудааст, ки метавонад алоқамандонро аз мавзуоти илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии як кишвар огаҳ созад. Ҳар касе, ки ба фарҳанги тоҷикон ва ба сурати умумӣ ба Осиёи Миёна алоқа дошта бошад, бояд ин китобро дастрас кунад ва дар мавридҳои зарурӣ аз он истифода барад. Вале он чӣ марбут ба хориҷиён мешавад, яъне ба аврупоиён, ин китоб барои муаррифии тоҷикон ва Тоҷикистон дар Аврупо барои олмонизабонҳо ва фаронсавизабонҳо сарчашмаи муҳим аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG