Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нишастаи сарони ҷомеаи ҳамкориҳои Авруосиё ё “Евразэс» масъалаи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ баррасӣ шуд.

Дар ин бора Дабири кулли созмон Таир Мансуров хабар дода, гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки барои ин гурӯҳи корӣ таъсис дода ва корҳои марбут ба низоми узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзи 10-уми декабри соли ҷорӣ узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шуд ва аммо барои ниҳоӣ кардани ин узвият бояд то 7 июни соли 2013 санадҳои заруриро дар ин робита ба тасвиб расонад ва то 30 рӯз баъд ба узви комилҳуқуқи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт.

Дар нишастаи сарони ҷомеаи ҳамкориҳои Авруосиё дар Маскав рӯзи 19-уми декабр ҳамчунин масъалаи “ба вазъи феълӣ мутобиқ кардани фаъолияти ин ниҳод” баррасӣ шуд. Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳоли ташаккул аст ва се узви он -- Русия, Беларус ва Қазоқистон инчунин аъзои Фазои воҳиди иқтисодӣ ва эътилофҳои дигар низ ҳастанд. Бино бар ин дар ҳамоиши сарон дар Маскав тасмим гирифта шуд, фаъолияти “Евразэс» ба кори ин эътилофҳо ҳамоҳанг гардонида шавад. Аз ин ба баъд 75 дарсади сармоягузории кори ин ниҳодро Русия ва бақияро ба гунаи баробар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар уҳда хоҳанд дошт.

Дар ҳамоиши Маскав ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ҷомеаи ҳамкориҳои Авруосиё ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар поккорӣ ва безараргардонии партовгоҳҳои ҳастаӣ ёрӣ диҳад. Барои ин барнома наздик ба 39 миллион доллар ихтисос меёбад ва бо ин маблағ 6 партовгоҳи ҳастаии Қирғизистону 2 партовгоҳи Тоҷикистон поккорӣ хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG