Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони бародаршаҳрии Қуния ва Кӯлобро бархе «муҳиму созанда» ва иддае «санади коғазие барои хурсандии мувақатии президентҳо»-и ду кишвар унвон мекунанд.

Санаде дар ин бора ҳангоми сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия миёни ду кишвар ба имзо расидааст. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи ҳукумати Кӯлоб мегӯяд, Куния як шаҳри рушдкардаи саноатист ва бародаршаҳри бо он аз манфиат холӣ нест.

Ӯ гуфт, муносиботи дӯстонаи наздик миёни Куния ва Кӯлоб ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, шинохти таърих ва фарҳанги бойи ҷонибайн, ба вижа адабиёти пурғановат, мусоидат хоҳад кард. Чуночи маълум аст, дар Кӯлоб
оромгоҳи файласуфи машҳури машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дар Қуния яке аз саршиносони барҷастаи дабиёти тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мавҷуд аст, ки ҳар ду макон низ мавзеъи зиёрати ҳазорон зоирин маҳсуб меёбад. Дар ин радиф ба Қуния ва Кӯлоб барои рушди соҳаи саноат, соҳибкорӣ, меъморию шаҳрсозӣ ва фарҳангу маориф имконот ва шароитҳои мусоид фароҳам омад.

Сокинон низ дар ин маврид назарҳои гунонгун доранд. Раҳмоналӣ Назаров, як сокини Кӯлоб мегӯяд, дар аксар маврид чунин эълону қарордодҳо барои хурсандии як лаҳзаина ҳангоми вохӯрии президентҳо анҷом мепазирад ва аз онҳо касе манфиат намебинад.

Ба гуфтаи ин сокини Кӯлоб, ҳар рӯз як қарордоду чанде ба имзо мерасад, аммо аз садтои он як тоаш амалӣ намешавад. Президентҳо бо ҳам хурсандона чунин санадҳоро ба имзо мерасонанд, аммо баъди сафарашон он ҳама гӯё фаромӯш Оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи мавзеъҳои дидании Кӯлоб ба шумор меравад

Оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи мавзеъҳои дидании Кӯлоб ба шумор меравад

мешавад. Садҳо чунин санадро метавон ном бурд, ки агар амалӣ мешуданд, ҳоло мо ягон мушкили дигар надоштем. Лекин инҳо барои хурсандкунии яклаҳзаинаи президентҳову сокинон аст.

Аммо Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, бо назардошти он, ки туркҳо ба соҳибкорӣ рағбат доранд, ҳатман коре барои ободии Кӯлоб анҷом хоҳанд дод. Ӯ аз бародаршаҳрии Кӯлобу Ҳамадони Эрон ёд меорад, ки эрониҳо чанд иншооти фарҳангӣ бунёд намуда, инчунин осорхона ва мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадониро комилан бозсозӣ карданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷумъаев, кори хурд ҳам бошад хатман анҷом дода мешавад. Аз бародаршаҳри дар дунё ҳоло ягон давлате зарар надидааст. Ҳатман, як корхонаи хурд сохта мешавад, ки се-чор нафар соҳиби ҷои кор мешавад. Ё ҳамкории соҳибкорону фарҳангиён ҳатман, ки ба роҳ монда мешавад, ки ин хеле хуб аст. Бародаршаҳрии на танҳо Кӯлоб, балки дигар шаҳрҳо ҳам ба манфиати кор аст...

Кунияи Туркия сеюмин шаҳрест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо Кӯлоб тафоқумномаи дӯстӣ барқарор намуда аст. Аз ин пеш Кӯлоб бо шаҳрҳои Ҳамадонӣ дар Эрон ва Намури шоҳигарии Белгия бародаршаҳр эълон шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG